ҲИЗБИ ФАРОГИР АЗ МАНФИАТҲОИ МАРДУМӢ

299

Табрикоти ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Устондону кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбиаш ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор барномаи худро дар асоси манфиатҳои халқ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ амалӣ намуда, маҳбубият ва мақоми хосса пайдо намуд. Роҳбари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зарурати ташкили ҳизбро ба таври мушаххас чунин таъкид намудаанд: «Тавре дар хотир доред, ҳанӯз дар давраи бисёр мураккабу сарнавиштсоз – замоне, ки кишвари мо дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири назару андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа бошад. Дар ин замина, тарҳи Ҳизби Халқии Тоҷикистонро, ки баъдтар вобаста ба таҳаввулоти сиёсии ҷомеа онро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номидем, омода сохтем ва фикр мекунам, ки иштибоҳ накардем…».

Дар воқеъ, Сарвари муаззами ҳизб тавонист дар як муддати кӯтоҳ тараққиёти ҳама гуна шохаҳои ҳокимиятро ба маҷрои муайян дароварда, сатҳи некӯаҳволии мардумро боло бардорад. Бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳизби адолатпарвар, бунёдкор ва муттаҳидкунандаи ҷомеа табдил ёфта, шумораи аъзоёни он аз ҳисоби донишмандону меҳансолорон ва бомасъулият зиёд гардида истодааст. Имрӯз фаъолияти назарраси ҲХДТ-ро мо пеш аз ҳама дар баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ мушоҳида карда метавонем. Дар сохтори бисёрҳизбӣ ва ҷомеаи демократӣ имрӯз ҳамон ҳизби сиёсие пирӯз гардида соҳиби мақому мартабаи хосса мешавад, ки барномаи он фарогир аз манфиатҳои тамоми ҷомеа бошад. Мазмуну муҳтавои барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фарогир аз манфиатҳои мардумӣ буда, муҳтавои асосиашро дар умум амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии давлату миллат ташкил медиҳад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд. Ҳамчунин, ба таҳкими истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат мусоидат мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо назардошти рушду пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияву созмонҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон дар доираи Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Устодону донишҷӯёни гиромӣ!

Дар воқеъ таҷрибаи 29 солаи фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки он ҳизби мардумӣ буда, ҳамеша дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа фаъолияти назаррас дорад. Ин фаъолияти назарраси ҳизб пеш аз ҳама аз иродаи Асосгузори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Шиори барномаи ҳизбро «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ташкил медиҳад, ки барҳақ амалан тасдиқи худро ёфта истодааст. Имрӯз аъзо будан ба ҲХДТ ва фаъолияти назаррас нишон додан дар татбиқи ҳадафҳои созандаи барномавии он шарафи бузургест. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҲХДТ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду адолатпарвар қадамҳои устувор гузошта, дар таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нақши калидӣ дорад.

29-умин солгарди таъсисёбии ҳизби фарогир аз манфиатҳои миллӣ – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба мардуми шарафманди Ватани азизамон муборак бошад!