ШОМИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ, РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН

10

Шоми имрӯз (6.10.2026) ба ифтихори таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гиромидошти Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи омӯзгорон бо мақсади таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, тарғиби мақому манзалати забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани ҷойгоҳи омӯзгор дар ҷомеа, бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳ чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуда, бо барномаи рангину ҷолиби фарҳангӣ ба фазои маҳфил ҳусни тоза бахшиданд.

Баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ дар самти таҳкими мақоми забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба омӯзишу ҳифзи забони тоҷикӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Қобили зикр аст, ки ба чорабинии фарҳангӣ ҳунармандони шинохтаи кишвар — Шӯҳрат Сайнаков, Суруш Холов, Шоҳин Абдуллоев ва Далер Султонов бо сурудҳои дилнишину таронаҳои хотирмон шукуҳи тоза бахшиданд.

Ҳамзамон, ҳунармандони Ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳи миллӣ бо пешниҳоди барномаи рангини ҳунарӣ маҳфилро боз ҳам ҷолибу хотирмон гардониданд.