12 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

261

Имрӯз (30.10.2024) ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар соли2024 муайян ва ҳавасманд гардиданд.

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва дар амал татбиқ намудани Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” миёни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ, колеҷҳо, инчунин, миёни муҳаққиқони риштаҳои гуногуни илм (устодону кормандон ва аспирантону докторантон) ҳамасола озмуни мазкур баргузор мегардад. Дар озмуни имсола довталабон аз рӯйи номинатсияҳои математика, физикаю астрономия, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ, география ва ихтироъкорӣ иштирок намуданд.

Зимни баргузории озмуни мазкур аз ҷониби сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ довталабони зиёд иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи номинатсияҳои номбаршуда иштирок намуда, сазовори 12 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи якум, 4 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм) гардид.

Ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат”- ро барои дастоварди навбатияшон самимона табрик намуда, дар самти таҳсил ва фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳо таманно намуд.

ҒОЛИБОНИ ҶОЙИ АВВАЛ:

1.Эҳсон Ҳаитов – донишҷӯйи курси 2-юми факултети механикаю математика;

2.Шукрулло Машрабов – донишҷӯйи курси 4-уми факултети химия;

3.Аминзода Нодир – донишҷӯйи курси 3-юми факултети механикаю математика.

ҶОЙИ ДУЮМ:

1.Фотима Шоинова – донишҷӯйи курси 2-юми факултети тиббӣ;

2.Зикруллоҳ Давлатов – донишҷӯйи курси 1-уми факултети механикаю математика;

3.Билол Саъдуллоев – донишҷӯйи курси 1-уми ихтисоси иқтисоди ҷаҳон;

4.Сафаралӣ Холов – муовини декани факултети фарматсевтӣ оид ба илм.

ҶОЙИ СЕЮМ:

1. Нушервон Раҷабов – магистранти соли аввали факултети механикаю математика;

2. Бахтиёр Бобохонов – донишҷӯйи курси 2-юми факултети физика;

3. Азимзода Нилуфар – донишҷӯйи курси 1-уми факултети биология;

4. Шоҳин Маҳмадов – донишҷӯйи курси 1-уми ихтисоси идораи давлатӣ ва маҳаллӣ;

5. Маҳноза Кабирова – донишҷӯйи курси 4-уми факултети муносибатҳои байналхалқӣ.

Ғолибият муборак!