ҶАНБАҲОИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР РОМАНИ «ВОСЕЪ»-И С. УЛУҒЗОДА

7

(Дар ҳошияи конференсияи байналмилалии илмию назариявии “Ҷойгоҳи Сотим Улуғзода дар адабиёту фарҳанги миллӣ”, ДМТ, 15.09.2026)

Ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин арзишҳои маънавию ахлоқӣ буда, дар ташаккули худшиносии миллӣ ва ҳифзи ҳувияти халқ нақши калидӣ дорад. Адабиёти бадеӣ ҳамчун оинаи зиндагии ҷомеа ҳамеша дар тарғибу таҳкими ин арзиши воло саҳми арзанда гузоштааст. Дар осори нависандаи маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода ғояҳои ватандӯстӣ бо тасвири воқеаҳои таърихӣ, симои қаҳрамонон ва махсусан тавассути манзараҳои табиат ба таври ҳунармандона инъикос ёфтаанд. Романи «Восеъ» аз ҷумлаи асарҳои маҳбуби нависанда мебошад, ки дар он манзараҳо ва ё тасвирҳо танҳо унсури ифшои ҷараёни воқеаҳо набуда, балки ҳамчун воситаи муҳимми ифодаи эҳсоси муҳаббат ба Ватан ва инсондӯстию худшиносӣ хизмат мекунанд.

Бояд зикр намуд, ки ба табъ расидани романи «Восеъ» дар ҳаёти фарҳангию адабии мардуми тоҷик ҳодисаи фараҳбахш буд ва гӯё он фаъолияти эҷодии Сотим Улуғзодаро дар давраи муайяни таърихӣ як навъ ҷамъбаст намуд. «Романи Сотим Улуғзода «Восеъ», қайд кардааст адабиётшинос М. Раҷабов, – чун як навъ ҷамъбасту такмили тамоми асарҳои илмию адабии пешина ба майдон омада, дар айни замон ба мавзуи «Шӯриши Восеъ» саҳифаҳои нав илова кард»

Оид ба романи «Восеъ», арзишҳои эстетикӣ ва маърифатии асар, ҷанбаҳои инсонгароиву халқӣ ва хусусиятҳои забониву услубии он, инчунин, дигар олимони гуногунмартабаи зиёде чун Соҳиб Табаров, Лариса Демидчик, Худоӣ Шарифов, Юрий Бобоев, Бароталӣ Нозимов, Маъруф Раҷабов, Эргаш Шоев, Маҳмуд Қосимов, Сироҷиддини Эмомалӣ ё бевосита, ё зимни тадқиқи масъалаҳои алоҳидаи таърихи адабиёти саддаи ХХ тоҷик мулоҳиза рондаанд.

Дар ҳақиқат, романи «Восеъ» хонандаи тоҷикро ба гузаштаи таърихи на чандон дури худ шинос ва ба худогоҳии миллӣ ҳидоят намуда, инчунин, руҳи ифтихори миллии ҳамватанони моро боз ҳам қавитар месозад.

Романи «Восеъ» махсусан дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки барои ҷомеаи он худшиносии миллӣ аҳаммияти муҳимми иҷтимоӣ пайдо кардааст, маъруфияти бештаре касб намуд. Сотим Улуғзода бо таълифи «Восеъ» дар қатори беҳтарин нависандагони муосири тоҷик мавқеъ пайдо намуд. Адабиётшинос Худоӣ Шарифов, аз таҳлили романи мазкур ба чунин хулоса омадааст, ки: «Сотим Улуғзода он кори муҳиммеро, ки дар адабиёти советии тоҷик устод Айнӣ шурӯъ карда буд, идома дода истодааст».

«Восеъ» ҳамчун романи таърихӣ ҳодисаву воқеаҳои охирҳои асри Х1Х-и дар Бухорои Шарқӣ ба вуқуъ пайвастаро дар бар мегирад.

Мубориза ва ҷонбозиҳои Восеъ баҳри озодӣ ва адолат дар хотироти мардуми меҳнаткаш нақши ҷовидон гузошт, ҷуръату мардонагӣ ва ҷасурию нотарсии Восеъ номи ӯро абадзинда гардонид. Дар китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров оид ба ҷунбишҳои халқии зиддифеодалӣ дар қисми Бухорои Шарқӣ омадааст: «Ҳаракати ҳақиқии халқӣ ин шӯриши деҳқононест, ки бо роҳбарии Восеи камбағал соли 1885 дар бекигарии Балҷувон ба амал омада буд». Ин аст, ки номи Восеъ ҳамчун сарвари ин шӯриши халқӣ баҳри адолат ва ҳимояи Ватан аз аҷнабиён, аз ибтидо то интиҳо дар суруду достон, хотираи мардум ва намояндагони алоҳидаи он абадӣ сабт гардид. Тавре адабиётшинос Ю. Бобоев қайд кардааст: «Восеъ дар таърихи задухӯрдҳои тоҷикон яке аз «гурдони сафшикан ва далерони шерафкан» аст, ки баҳри озодию бахти саодати халқи худ ҷон нисор кардааст. Кайҳост, ки ин қаҳрамони ҳаёт қаҳрамони адабиёт гардидааст».

Торафт тезутундшавии зиддиятҳои феодалӣ ва боло гирифтани шуури камбағалони кӯҳистони тоҷик дар Бухорои Шарқӣ ва қаламрави аморат дар такмил ва тафсили персонажҳои асосии романи «Восеъ» хеле хуб ифода ёфтаанд. Аз ин ҷост, ки Сотим Улуғзода дар асар диққати асосиро ба амалиёти образҳои асосии роман: Восеъ, Назир, Саидалӣ, Муллосафар, Мирзоакрамбой, Остонақул, амир Абдулаҳадхон, Лутфия, Марзия, Ҳоҷӣ Яъқуб равона кардааст, зеро маҳз хислату характер ва рафтори онҳо, инчунин, ҳисси баланди худшиносию хештаншиносии онҳо, зиддияти романро пурқувват намуда, моҳияти мавзуъро мекушоянд. Нависанда дар роман он ҳама далерию нотарсӣ, шуҷоъату матонат ва худшиносии Восеъ ва ёронашро равшану мушаххас тасвир кардааст. Хусусан, лаҳзаи дар Қаршӣ ба ҳоким Остонақул вохӯрдани Восеъ (Восеъ барои собит намудани бегуноҳии бародархондаш Назир ба Шаҳрисабз рафта буд) диққатҷалбкунанда аст:

– Тақсирон! – бо овози баланд ба онҳо муроҷиат кард Восеъ дар хамгашти кӯча. – Як даҳон гап дорам, шунавед! – ва барои он ки тақсирон аз шунидани гапи ӯ сар тофта натавонанд, Восеъ боз қасдан илова кард: – Ман дар Қаршӣ ҳокимро дидам, аз ҳоким ба Шумо гап дорам.

Баъди чунин арз, албатта, саворон ҷилави аспҳошонро кашида ба сар то пои ин марди густох, ки аз афту андомаш, бешубҳа кӯҳистонӣ буд, зеҳн монданд.

Сотим Улуғзода симои зоҳириву ботинии ёрони Восеъро тасвир карда, таъкид менамояд, ки ҳамаи онҳо ба сарвари худ монанд буда, мисли ӯ нотарс, паҳлавон, хайрхоҳ, дилсоф, ватандӯст ва баномус мебошанд. Вале дар асар ҳаёти бархе аз инҳо норавшан мондаанд. Дар ин хусус академик М. Шакурӣ чунин мегӯяд: «Дар тасвири образи халқ – наздикони Восеъ ва саркардагони исён нависанда кӯшиш намудааст, ки роҳи ҳаёти ҳар кадоми онҳоро, ки аз роҳи зиндагии дигаре фарқ дорад, нишон диҳад. Ҳар кадоми онҳо як саргузашти аҷибе доранд. Бо вуҷуди ин, мутаассифона, олами ботинии баъзеи онҳо норавшан мондааст».

Фотима хоҳари Восеъ мебошад ва нависанда ӯро чун зани кӯҳистонӣ раҳмдилу далер, худшиносу хоксору инсондӯст тасвир кардааст. Лаҳзаи аз тарафи бародараш Восеъ ба орият гирифтани говаш ва дар ин кор розӣ нашудани шавҳараш Сангалӣ симои ботинии ин зани ҳалиму ғамхорро возеҳу равшан мекушояд:

Фотима бесаранҷом гашт, асабонӣ шуд.

– Чаро ту ӯро нигоҳ надоштӣ, мардаки дилозор? Охир дастархонам тайёр шуда буд! Илоҳӣ говат аз сарат монад, медодӣ чӣ мешуд?! Ду соли расо равғани акаамро хӯрда меоӣ, акнун ки ӯ аз дасти амлокдори золим бе гов монд, як бор барои ҷувозаш гови туро талабад, намедиҳӣ? Ба некӣ бадӣ мекунӣ, шарм намедорӣ? Вой бар ман, акаам аз ҳамин қадар роҳ пиёда омад, мани сиёҳпеча як пиёла чойи алафинаш ҳам надодам!..

Ҳамин тариқ, нависанда Фотимаро боз дар чанд лаҳзаи дигар намудор кардааст. Лаҳзаи бо шӯришгарон ҳамроҳ нашудани шавҳараш Сангалӣ ва то ба қатл расонидани бародараш Восеъ, ки ба ин восита Сотим Улуғзода образи ӯро пурра гардонида, ҳиммати баланду виҷдони пок доштани Фотимаро ошкор сохтааст. Чи хеле ки адабиётшинос Р. Мусулмониён қайд кардааст: «Нависанда ба тавассути Фотима меҳру садоқати беҳадду ҳисоби духтари тоҷикро дар ҳаққи бародараш табиӣ нишон додааст, ки бунёди хосси миллӣ дорад».

Дигар аз образҳои ҷолиби роман ҳамсари Восеъ – Аноргул мебошад. Аноргул низ мисли шавҳараш нотарсу баномус ва ҳақгӯй аст. Дар баробари ин, Аноргул зани оқила, боҳаё, ростқавлу дилсӯз, меҳрубон ва содиқу вафодор аст. Бадкорону хиёнатпешагонро чашми дидан надорад. Ҷасорату вафодории ӯ, махсусан дар боби бисту якуми роман, вақте ки шӯриш ба ҳадди олӣ расида буду Восеъ барои видоъ бо оилааш ба Дараи Мухтор меояд, намудор мегардад. «Доғ кардӣ маро, Восеъ, диламро об кардӣ, – оҳ кашид Аноргул. – Илоҳӣ сиҳат – саломат, хушу хуррам гашта биёӣ. Хонаи манғит бисӯзад, ки ба сари мо ин аламу кулфат, ин зиндаҷудоиро овард. Аммо ту хаёл накун, ки ман аз ту гиламандам, Восеъ. Не, ман агар мард мебудам, дар ҷойи ту ман ҳам ба манғит теғ мекашидам».

Таҳлили образҳои роман аз он шаҳодат медиҳад, ки нависанда барои инкишофи характер ва заминаи воқеии ҳар як образ кӯшиши зиёде ба харҷ дода, аз худ маҳорати баланди нигорандагӣ зоҳир намудааст, ки он образҳо тавасути офариниши манзараҳо дар самти афзун намудани ҳисси худшиносию ватандӯстии хонанда саҳми назаррас мегузоранд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон С. Улуғзода маҳз ба хотири ҳарчи бештар ҷалб намудани таваҷҷуҳи хонанда ба макони воқеаҳо ва ҷойи амалиёти персонажҳои марказии романи «Восеъ» аз пейзаж моҳирона истифода намудааст. Манзараи дар аввали романи «Восеъ» тасвирнамудаи С. Улуғзода, аз як тараф, чи гуна оила будани хонадони қаҳрамони марказии асар – Восеъро муайян намояд, аз сӯйи дигар ҳаёти хушбахтона ба cap бурдану садоқатмандона меҳнат намудан, бо меҳнату заҳмати халол баҳри ба даст овардани кути лоямуте талош варзидани Восеъро нишон медиҳад. Дар баробари ин, С. Улуғзода бо тадқиқи бадеӣ шароити зиндагии Восеъ ва дигар дехқонони кӯҳистонро ягон-ягон нишон дода, тадриҷан моро бо шиддати муносибатҳои синфӣ ва иҷтимоӣ шинос намудааст. «Дар кӯҳистони Кӯлобу Балҷувон водиҳои хурд-хурди Хингоб, Сурхоб, Шӯроб, Оби Мазор аҷаб ҷойҳои хушбоду ҳаво ва бештаринашон тагоб, яъне обшор на сердолу дарахтанд. Бару домани кӯҳҳои қабат ба қабат ва талу кӯталҳои ҷафс аз аввали баҳор то васати тирамоҳ сабзу хуррам, чашмасорони бешумор оби зулоли худро ба сойҳо, кишту боғу мевазорҳо ҷорӣ медоранд. Меваҳои ин сарзаминро намегӯед! Себ, анор, тут, олу, гелос, зардолу на шафтолуи сершарбату хушмазаи Балҷувон, Ховалинг, Сари Хосорро кӣ намедонад!

Кӯҳистон фақат аз замин камбағал аст. Қитъаҳои калони замини корам аҳён-аҳён вомехӯранд. Пора-пора киштзорони сабзгун монанди дарбеҳҳои ҷомаи камбағали кӯҳистонӣ дар адирҳо паҳну парешонанд. Гандум, ҷав, apзaн, ҷувориро аксари деҳқонон дар тоқиҳо баркашида мекоранд. Фалонӣ имсол даҳ тоқӣ ғалла коштааст, бисмадонӣ понздаҳ тоқӣ…

Ҷо-ҷо обраҳае, селхонае, сойе, ки кӯҳистониён сангобаш меноманд, дили кӯҳу талу куталҳоро чок карда ба водӣ рахна мекушоянд. Ҳар кадоми ин рахнаҳо дараи танге мебошад.

Яке аз калонтарини ин дараҳои танг дар самти шарқии водии Оби Мазор дараи Мухтор аст. Аз даҳани дара дар масофаи як километр ба дарунтари он деҳае ҳамноми дара афтодааст, ки дар канори чапи сангоби хушк ҷой гирифта, қад-қади он ёзида меравад. Вай ба намуд аз деҳаҳои дигари кӯҳистон фарқе надорад. Онро талу кӯталҳои питов, яъне росту баланд аз се ҷониб фишурда дар миёна нигоҳ медоранд. Ба миёнаҷои деҳа қушачиноре ҳамчун ду бурҷи дидбонӣ сояандоз мебошад.

Ин қушачинор аз ҳавлии беруни Восеъ қад кашидааст. Дарвозаи фарсудаи роғ-роғи ҳавлӣ ба тангкӯчаи пушти масҷид боз мешавад.

Дар ҳавличаи дарун ба ду хонаи пешайвону долондор оилаи Восеъ зиндагӣ мекунад. Дар ҳавлии берун меҳмонхона, ҷувозхона, оғилу каҳдон ҷой гирифгаанд. Аз пушти ҳавлӣ кӯчаи калони деҳа мегузарад; дар он бари кӯча аз баландие, ки бар фарозаш як қисми хонаҳо ва богчаҳои бошандагони деҳа ҷой гирифтааст, чашмаи сардобе cap мезанад; оби чашма бо як новаи борик ба ҳавлии беруни Восеъ меояд ва аз ҳавлӣ ба ҳаёт – рӯйдаричае, ки мардуми маҳаллӣ онро хота мегӯянд, ҷорӣ мешавад. Хота, иборат аз боғча ва андак замини юнучқаву сабзавоткорӣ, дар мобайни ҳавлӣ ва сангоб воқеъ шудааст.

Баҳор, баҳори хурраму хандон, сабзпӯш ва гулбасар дар айни ҷавлону худнамоӣ. Шуълаи офтоб намесӯзонад, намегудозад, балки фақат ҳамчун меҳри падару модар ба фарзанди дилбанд гарм-гарм навозиш мекунад. Гунҷишкҳо, парастухо (фароштурукҳо) чаҳ-чаҳкунон дар осмони шаффофи лоҷувардӣ парафшон ва дар ташвишу тараддуди ошёнсозӣ…».

Манзараҳои дилнишини табиати кӯҳистони Балҷувону Ховалинг ва Сари Хосор бозгӯйи мақсадҳои бадеии нависанда мебошад, ки хеле диққатҷалбкунанда сурат гирифта, ба роҳи ифодаи боз ҳам пурратари мазмун ва барҷастатар баромадани тасвирҳо боис гардидаанд.

Ба гуфти мунаққиди рус В. Г. Белинский «Даҳои адиб чи қадар ки баланд бошад, ӯ табиатро ҳамон қадар мукаммалу возеҳ тасвир мекунад ва алоқаи мустахками вайро бо ҳаёт, бо муваффақияти тамом нишон медиҳад».

Бе муболиға С. Улугзода мусаввири забардасти манзараҳои табиат ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Нависанда манзараҳои табиатро бо ҳолати руҳии персонажҳои романи «Восеъ» мувофиқ тасвир намудааст. Аксари қаҳрамонҳои офаридаи асарҳои С. Улуғзда, аз ҷумла Восеъ, ба тариқи фоҷиавӣ халок мешаванд. Адиб дар ин маврид низ аз пейзаж тарзе истифода намудааст, ки манзараи табиат қувваю қудрат, қаҳрамонию ватандӯстӣ ва худшиносии онҳоро баръало намоиш медиҳад.

Махсусан зиндагӣ, муносибату муомила ва корномаи Восеи диловар барои ҷавонон, хонандагони синни калони мактабию донишҷӯён намунаи барҷастаи ибрат ва омӯзиш мебошад. Дар замони Истиқлоли Тоҷикистон, вақте ки ба ҷавонон дар хусуси таърихи бою қадима ва фарҳанги волои худ ҳарчи бештар таваҷҷуҳ зоҳир кардан зарур мешавад, корномаи Восеъ намунаи барҷастаи сарбаландӣ, сарфарозӣ ва озодихоҳию адолатписандӣ мебошад.

Ба назари мо, асрори эҷодӣ ва сабаби иштиҳори Сотим Улуғзода дар таълифи романи «Восеъ», пеш аз ҳама, дар истеъдоди волои адиб, донишу маҳорат ва малакаи эҷодии адиб, таҷрибаи андӯхтаи ӯ то оғози солҳои 60-уми асри гузашта буд.

Аз тарафи дигар, донистани фарҳанги миллӣ, таърихи халқ, адабиёти пурғановату кӯҳанбунёд, дар ҳамин поя иттилооти комил аз сарчашмаҳои адабиии асримиёнагӣ, осори фаровони таърихнигорон низ мебошад. Ин омилҳо комилан имкон додаанд, ки Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода на танҳо дар қаламрави диёри хешу ҳаммиллатон, балки дар хориҷ аз он низ иштиҳори беҳудуд пайдо намояд. Аз ин рӯ, романи ӯ дар пояи баланди таълифи адабӣ-бадеӣ, мавзуи таърихӣ ва санъату ҳунари эҷодӣ қарор дошта, дар манзараҳои асарҳояш, аз ҷумла «Восеъ» ва «Навобод» худшиносии миллию ватандӯстӣ дар ҷойи аввал меистад.

Тавре дида шуд, манзараҳо дар романи «Восеъ» на танҳо барои офаридани муҳити воқеаҳо, балки ҳамчун воситаи муҳимми бадеии ифодаи ғояҳои ватандӯстӣ хизмат мекунанд. Нависанда тавассути тасвирҳо муҳаббати қаҳрамононро ба Ватан, иродаи озодихоҳӣ ва ҳисси масъулияти онҳоро нисбат ба сарзамини аҷдодӣ ба таври муассир бозтоб намудааст.