ПАРКИ ТЕХНОЛОГӢ


 

ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

(Маълумотнома)

 

Дар замони ҳозира Паркҳои технологӣ дар бозори технологияҳои инноватсионӣ, чун қоида, метавонанд дар шакли шахси ҳуқуқии мустақил ё воҳиди донишгоҳ, муассиса ё корхонаи калон, ки бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ корхонаҳои саноатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вилоятӣ робитаи зич дошта, дар ҳудуди тобеияти худ ташаккули муҳити муосири инноватсионӣ бо роҳи дастгирии соҳибкории инноватсионӣ, тавассути фароҳам овардани заминаҳои моддию техникӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ, хизматрасонӣ, молиявӣ ва дигар пойгоҳҳо барои ташаккули самаранок, рушд, дастгирӣ ва омодасозии фаъолияти мустақили корхонаҳои инноватсионии хурду миёна, азхудкунии тиҷоратии донишҳои илмӣ, ихтироот, «ноу-хау»-ҳо, технологияҳои ғунҷоиши баланди илмӣ дошта ва интиқоли онҳо ба бозори маҳсулоти илмию техникӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талабот ба ин махсулот дар сатҳи мамлакат амал намоянд.

Дар ин замина, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ» (аз 02.07.2010 сол, № 629), дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон   бо фармони ректори ДМТ аз 06.01.2011, № 8-09 «Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» таъсис дода шудааст. 

Парки технологии ДМТ дар доираи Оинномаи худ, ки дар он вазъи ҳуқуқии Парк муайян гардидааст, бо тартиби   муқаррарнамудаи   қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Роҳбарии Парки технологиро директори он, ки аз тарафи муассис таъин карда мешавад, пеш мебарад. Дар Парки технологӣ «Шурои илмӣ-техникии Парки технологии ДМТ» амал мекунад.

Ҷиҳати пешбурди минбаъдаи фаъолият ПТ ДМТ ҳуҷҷатҳои зеринро ба даст овардааст:

– Иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ аз 21.01.2011. №0110012146

-Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии таъсисѐбии ПТ ДМТ;

-Гувоҳномаи силсилаи №01/008599 дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда, аз 27.01.с.2011 №18 ВЦ11/97;

– Маълумотнома дар бораи дар реестри давлатии корхонаҳо ва ташкилоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Иҷозатномаи фаъолияти истеҳсолии дорусозии ВТ ва ҲИА ҶТ.

ҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбурди фаъолияти илмӣ аз 11.08.23 №387 Т-ИФ №0004032

Номи мухтасар: «ПТ ДМТ»

Суроға:               ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 17/1.

Рақамҳо: (+992)908888111

Мақсад ва вазифаҳои Парки технологии ДМТ

Парки технологӣ ҳамчун муассисаи ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ, дар ҳудуди ДМТ бо мақсади интиқоли маҳсули зеҳнии иқтидорҳои дохилӣ ва берунии ДМТ то ба маҳсулоти технологияҳои аълосифат, навтарин ва навоварона дар истеҳсолот ташкил карда шудааст.

Парки технологӣ дар доираи ҳадафҳои зерин амал мекунад:

– рушди имкониятҳои илмию техникӣ ва технологию инноватсионии ДМТ; 

– татбиқи барнома ва лоиҳаҳои инноватсионии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

–  мусоидат ба инкишофи технологияҳои муосир; 

– таҳкими заминаҳои моддию техникӣ ва молиявии муассисаҳои таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавӣ-конструкторӣ-истеҳсолӣ ва дарёфти сармояи дохилию хориҷӣ барои рушди илм ва технология; 

–  муттаҳид сохтани нерӯи зеҳни барои пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифати муосир дар истеҳсолот; 

– ҷалби донишҷӯён, магистрантон, докторантони PhD, ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳаққиқони илмию таҳқиқотӣ барои ҳамгироии илм ва истеҳсолот; 

– дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ; 

– ҳамкории муассисаҳои илмӣ ва тиҷорати инноватсионии ватанӣ ва хориҷӣ;

– ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғайра.

Вазифаҳои асосии Парки технологӣ аз инҳо иборат мебошад:

– ҷорӣ намудани натиҷаҳои ниҳоии таҳқиқоти илмӣ то ба истеҳсолот; 

– ҳавасмандгардонии қобилиятҳои зеҳнӣ барои таҳия ва ҷорӣ намудани технологияи аълосифат дар истеҳсолот; 

–  омӯзиш ва истифодаи технологияҳои аълосифате, ки аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад; 

– такмили ихтисоси муҳаққиқон ва дигар кормандони илмиву таълимӣ, ки ба фаъолияти инноватсионӣ машғул мешаванд; 

– рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои инноватсионӣ.

Самтҳои асосии фаъолияти Парки технологӣ

Барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва ҳалли вазифаҳои дар пеш гузошта Парки технологӣ корҳои зеринро амалӣ менамояд:

  • анҷом додани коркардҳои дохилии технологияҳои нав, таҷҳизот, асбобҳо, нармафзорҳо ва ғайра;
  •  ташкили коркардҳои илмӣ, конструкторӣ ва технологии ихтироотҳо дар пойгоҳҳои Технопарк, лабораторияҳо ва кафедраҳои донишгоҳ; истеҳсол ва озмоиши намунаҳои коркардшуда;
  • пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ дар соҳаи технологияҳои баланд ва соҳибкорӣ;
  • гузаронидани экспертизаи илмии ихтироот, кашфиёт, қарорҳои техникӣ ва лоиҳаҳо;
  • хизматрасонӣ оид ба гузаронидани экспертизаи илмӣ-техникии хусусиятҳои физикӣ, кимиёвӣ ва биологии объектҳои табиӣ ва сунъӣ;
  • ташкили бонкҳои автоматикунонидашудаи маълумот оид ба талабот ва имкониятҳои инноватсионии корхонаҳо ва ширкатҳо;
  • ташкил ва пешбурди вебсайт ва дигар шабакаҳои иҷтимоии Парки технологӣ дар Интернет;
  • ташкил ва гузаронидани намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳои илмию техникӣ, семинарҳо, вохӯриҳо, конференсияҳо, форуму симпозиумҳо, мактабу курсҳои бозомӯзӣ, тренингу мастер-классҳо, таҷрибаомӯзии мутахассисон;
  • ба ҳамкорӣ ҷалб намудани мутахассисон, соҳибкорон ва ташкилотҳои хориҷӣ барои рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмию техникӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ;
  • хизматрасонӣ дар соҳаи маркетинги илмию техникӣ ва рақамӣ;
  • ҳамкорӣ бо шарикони ватанӣ ва хориҷӣ дар истеҳсол ва фурӯши маҳсулот ва хидматрасониҳои технологӣ.

Сохтори Парки технологӣ

Сохтори Парки технологӣ ва тағйиротҳои он дар мувофиқа бо ректори ДМТ аз ҷониби директори Парк тасдиқ карда мешавад.

Воҳидҳои асосии Парки технологӣ инҳоянд:

  • бизнес-инкубатори Парки технологӣ, ки соҳибкории хурд (СХ) – и дорои профили инноватсиониро дар марҳилаи ибтидоии рушди онҳо дастгирӣ намуда, бино ва таҷҳизотро барои иҷора бо нархи имтиёзнок таъмин менамояд;
  • маркази интиқоли технология, ки барои мусоидат дар навоварӣ ва тиҷоратӣ кардани натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ ва конструкторӣ, ки аз ҷониби корхонаҳои инноватсионии хурду миёна, дастаҳои олимон, донишҷӯён, аспирантҳо, дастаҳои муваққатии эҷодӣ, ташкилотҳои илмӣ, институтҳои тадқиқотӣ ва корхонаҳои ватанӣ пешниҳод мегардад;
  • шуъбаи истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ, ки кори марказҳои истифодаи коллективиро дар заминаи лабораторияҳо ва устохонаҳои таълимию истеҳсолӣ, марказҳои илмию таълимии (МИТ) донишгоҳ ва худи Парк ташкил мекунад;
  • дигар воҳидҳое, ки тибқи нақшаҳои таҳияшуда, супоришҳои амалӣ ва лоиҳаҳои инноватсиониро ҷорӣ мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар шубаи истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ бахшҳои тахассусикунонидашудаи соҳавӣ фаъолият мекунанд:

  1. Пойгоҳи дорусозӣ (самти фарматсевтӣ)- и Парки технологии ДМТ:
    1. Коргоҳи шаклҳои сахти дору (хока ва маҷмагиёҳҳои доруворӣ).
    1. Когоҳи шаклҳо моеъи дору (маводҳои ҷолинусӣ).
    1. Хати истеҳсолии химияи ороишӣ ва шустушӯӣ (собунҳои дастисоз ва моеъ, шампуну лосёнҳо).
    1. Платформаи рақамии фурӯши маҳсулоти фарматсевтии «tojpharm.tnu.tj».
    1. Махзани додаҳои фарматсевтӣ ба номи проф. «Халифаев Д.Р.».

Фаъолияти Пойгоҳи дорусозӣ бо мақсади тақвияти равандҳои таълимии фанҳои табиии донишгоҳ, ҳамчун зинаи мобайнӣ дар байни илм – таълим – истеҳсолот – бозори истеъмолӣ алоқамандона ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба ин дар Пойгоҳ аз руи самтҳои зерин фаъолиятҳо пеш бурда мешавад:

– корҳои таҷрибавӣ, дарсҳои таҷрибавӣ, таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ ва истеҳсолии факултетҳои тахасусҳои марбута;

– корҳои илмӣ-татқиқотии муҳақиқони дорусозӣ;

– истеҳсоли таҷрибавӣ, оғозӣ ва майдасилсилавии иловаҳои фаъоли биологӣ ва маводҳои доруворӣ;

– таҳияи барномаву лоиҳаҳои соҳавӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, машваратҳои тахассусӣ;

– кор бо резидентҳои ватанию хориҷӣ.

Фаъолияти истеҳсолии Пойгоҳ бо иҷозатнома (литсензия) – и ВТҲИА ҶТ расмӣ карда шудааст.

  • Қитъаи замини тайиноти таҳқиқотӣ-таҷрибавӣ (дар ноҳ. Ваҳдат, дараи Ромит) дар ҳудуди 5,10 гектар.
  • Пойгоҳи коркарди сангҳои қимматбаҳо ва нодир (самти геология).
  • Маркази омӯзиши забонҳо (дар якҷоягӣ бо ширкати хориҷӣ).
  • Бюрои таъбу нашр ва дизайну баргардонӣ бо усулҳои инноватсионӣ дар «Маркази инноватсионӣ» – и ДМТ.
  • Бюрои кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва таблиғу тарғиб (саҳифаҳои Фейсбукӣ, Инстаграмӣ, Телеграмӣ ва дигар шабакаҳои иҷтимоиву мухобиротӣ).

Пойгоҳҳои дар ҳоли ташаккул:

  1. Коргоҳи омӯзишӣ-дузандагӣ;
  2. Сексияи технологияҳои кибертехникӣ (робототехника);
  3. Маркази рушди зеҳни сунъӣ;
  4. Коргоҳи дуредгарӣ (мизу курсисозӣ).

Муҳимтарини натиҷаҳои фаъолият:

Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи ҳадафҳои барномавии худ дастовардҳои зеринро ба ҷо овард:

1. Ихтироъ ва таҳияи нақшаи технологии истеҳсоли «Лампаҳои каммасраф». Тибқи ин ихтироъ лампаҳои равшандиҳии нисбат ба лампаҳои таспанда қариб 10 ва нисбат лампаҳои каммасрафи имрӯза 2-3 баробар каммасрафтар ва аз лиҳози экологӣ ва техникӣ бехатар, бо иқтидори ба 5 Вт баробар мебошад. Технологияи мазкур дар истеҳсолот ҷорӣ гаштааст.

2. Мувофиқи барномаи дурнамои ҳукуматӣ оид ба нигаҳдории саломатии шаҳрвандони ҶТ дар Парки технологӣ истеҳсоли маводҳои доругӣ ва иловаҳои фаъоли биологии зерин истеҳсол шуданд:

– гиёҳҳои татум (сумах), барги газанкаҳ (крапива), чойкаҳак (зверабой), меваи настаран (шиповник), гармалаф (череда), барги мармарак (листья шалфей). Маҳсулоти мазкур баъд аз таҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва ташхиси озмоишгоҳи ваколатдор, бо сертификати сифатнокӣ эътиборнок гардида, ҳамчун маводи парафарматсевтӣ ба муддати 5 сол, бо шаҳодатномаҳои бақайдгирии силсилаи: ЛС №005018, №005019, №005020, №005021, №005022 ва №005023 ба қайди давлатӣ гирифта шуданд (солҳои 2013-2018);

– маҷмагиёҳҳои Гурдавӣ, Меъдавӣ, Масъунӣ, Балғамрон, Талхарон, Оромибахш, меваҳои Хуч ва Дулона дар шакли халтачаҳои полоишӣ, шароби Дулона ва маводи парафарматсевтии «Витиш-Н» дар шакли моеъ. (ҳамаи маҳсулот бо сертификати сифатнокӣ, аз тарафи озмоишгоҳи ваколатдори мақомоти расмӣ эътиборнок гардонида шудаанд);

– собунҳои ороишии дастисоз бо экстрактҳои гиёҳҳои дорувории маҳаллӣ;

– силсилаи собунҳои моеъ барои дастшӯӣ, фаршшӯӣ ва косаю табақшӯӣ (маҳсулот сертификатишуда мебошанд).

– Маҳсулоти истеҳсолӣ дар нуқтаҳои фурӯши умумӣ ва махсуси ватанӣ ба фурӯш бароварда шуданд. 

  • Бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586 тамоми пардохтҳо дар Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба тариқи QR-рамзҳо ва дигар воситаҳои ғайринақдӣ сурат мегирад. Тадбири мазкур барои беҳтар гардидани фаъолияти Парки технологӣ мусоидат карда, раванди шаффофи ҳисоббаробаркуниро ба вуҷуд меорад.
  • Бо мақсади тақвият бахшидани фаъолияти илмию истеҳсолӣ, ҷалби ҷавонони донишманду ташаббускор ба корҳои ҷамъиятӣ ва дар ин замина ташаккули ҷаҳонбинии илмии онҳо бо дастгириҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин бори аввал дар таърихи Парки технологӣ дастаи волонтёрон таъсис ёфт. То имрӯз дар даста зиёда аз 20 нафар донишҷӯёни фаъолу пешсафи Донишгоҳ муттаҳид гардидаанд, ки саҳми худро дар баргузории маҳфилҳои гуногуни илмӣ – маърифатӣ ва чорабиниву озмунҳо мегузоранд. Аъзогӣ дар дастаи мазкур ба донишҷӯёну муҳаққиқони ҷавон, ки мехоҳанд ба ҷаҳони илм ворид гардида аз навтаринҳо илму технология воқиф гарданд, имкониятҳои фаровон мебахшад. Пеш аз ҳама, волонтёрон имконияти беҳамто доранд, то бо дастовардҳои Парки технологӣ аз наздик ошно шаванд ва дар ғанӣ гардонидани шумораи ин дастовардҳо саҳми худро гузоранд.

Лоиҳаҳои татбиқшуда:

  1. Таъсиси «Бонки ахборотӣ-маълумотии технологияҳои саноати фарматсевтӣ» – бо ҷалби 20 000 сом. маблағгузорӣ, татбиқшуда (бо маблағи ширкати Технофармстандарт).
  2. Таъсиси «Коргоҳи маводи ҷолинусӣ бо платформаи рақамии фурӯши маҳсулоти растаниҳои доруворӣ» – бо ҷалби беш аз 500 000 сом., қисман бо дастгирии маблағгузории грантии Барномаи рушди Созмони миллали муттаҳид (ПРООН), аз руи барномаи #Inno Response Challenge – Раунд 5 (10–2022-Grant-UNDP–DSR-@) ва қисман бо маблағгузории худи Парки технологӣ ва Донишгоҳи миллӣ, татбиқшуда.

Озмӯнҳои амалкунанда.

Дар Парки технологӣ озмӯни  «Ихтироъкорони ҷавон»  барои корҳои беҳтарини инноватсионӣ байни  хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, аспирантон, докторантони PhD ва ҳайати устодону профессорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амал мекунад. Озмӯни мазкур бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти илмиву инноватсионии иштирокчиён, тақвият додани омодагии касбии онҳо бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва афзун намудани иқтидори ДМТ, инчунин ҷалб намудани ҷавонон ба ҳалли масоили рушди ҳаёти иҷтимоию-иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Яке аз талаботҳои муҳими озмӯн ҷанбаи навоварӣ, нотакрорӣ ва амалишавандагӣ доштани лоиҳаҳои инноватсионии пешниҳодшаванда мебошад. Низомнома оид ба гузаронидани озмуни «Ихтирокорони ҷавон» бо Қарори Шӯрои олимони ДМТ аз 9 марти соли 2013, № 08 тасдиқ шудааст. 

Ба озмӯн корҳо аз рӯи самтҳо ва равияҳои зерин қабул карда мешаванд:  

– лоиҳаҳои амалӣ дар заминаи технологияи муосир; 

– модернизатсияи (навсозии) ашё ва маҳсулоти муқаррарӣ; 

– лоиҳаҳои амалӣ дар доираи сарулибоси миллӣ, ороишот ва ашёи маишӣ; 

– технологияҳои иттилоотӣ ва иртиботӣ.

Барои ғолибони озмун аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо дипломҳо ва мукофотҳои пулӣ муқаррар мегардад.

Фаъолиятҳои дигар.

Дар Парки технологӣ дар асоси иҷозатномаи Т-ИФ №0004032 аз 11.08.2013, №387 Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ, технологияҳои компютерӣ, дӯзандагӣ, инчунин тренинг, мастер-клас, семинарҳои омӯзишӣ ва модулҳои алоҳидаи тахассусии устодону донишмандони ДМТ ва берун аз он пеш бурда мешавад. Барномаҳои мазкур аввалан аз тарафи Шурои илмӣ-техникии Парки технологӣ баррасӣ гашта, баъдан ба роҳ монда мешаванд.

Бо дархости Раёсати таълими ДМТ, дар соли 2018 ПТ ДМТ барои дар амал ҷорӣ намудани зерсистемаи «Дарсҳои фосилавӣ барои донишҷӯёни шуъбаи ғоибона», 8 (ҳашт) адад зерсистемаҳо дар манбаи НТФ Moodle аз ҷониби НИ «Раванди таълим», инчунин «Барномаи антиплагиати донишҷӯён ва магистрантон» сохта шуда, мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо тақозои пешрафти илму техника ва талабот ба мутахассисони барномасоз, кормандони Парки технологӣ барои омӯзиш ва таҳияи забонҳои барномасозии нав, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ барои барномаи давлатии «Ҳукумати Электронӣ» мунтазам кӯшиш менамоянд.

Аз рӯи тақсимоти нақшавии ДМТ оид ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ донишҷӯёни факултетҳои гуногуни Донишгоҳ мунтазам дар сохторҳои гуногуни ПТ аз таҷрибаомузӣ мегузаранд. Оид ба фаъолияти навоварӣ, ихтироъкорӣ ва инноватсионӣ аз ҷониби кормандони ПТ ДМТ мунтазам дар барномаҳои телевизионӣ баромад, намуда ҷиҳати рушди соҳа корҳои тарғиботию ташвиқотӣ мегузаронанд.

Дар Пойгоҳи дорусозӣ кори таҳқиқотии 3 унвонҷӯи факултети фарматсевтӣ апробатсия гашта, яктои он дар истеҳсолот ҷорӣ карда шуд. Ҳамчунин ихтирои Патенти ҶТ «Маводи парафарматсевтии Витиш-Н» дар истеҳсолот ҷорӣ ва дар як силсилаи саноатӣ истеҳсол карда шуд.

Дастовардҳо ва маҳсулоти кормандони ПТ ДМТ дар наворҳои телевизионии расмӣ, намоишгоҳои ҷашнӣ, чорабиниҳои тантанавии дохилии ДМТ ва сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳамеша ба намоиш гузошта мешавад.

Дар баробари корҳои барномавӣ Парки технологӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи ДМТ иштироки фаъолона намуда, дар ҳама намуд дарёфту навовариҳо, озмӯданиҳо (апробатсияҳо)-ю татбиқгариҳо, чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ-маишӣ саҳми пешбарандагиро ба ҷо меорад.

Роҳбарият: Муродзода У.У.  – директор

Кормандон: Халифаев П.Д. – мудири пойгоҳи дорусозии Парки технологӣ

Нуров Д.С. – сармуҳосиб

Гулмаҳамадзода С.М. – менеҷери лоиҳа

Қурбонхонов З.Қ. – сармутахассис

www.tojpharm.tnu.tj