90,5 FM – САДОИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН!

486

Тавре иттилоъ дода будем дар доираи ҳамкориҳо бо мусоидати раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода чанде қабл ба Студияи таълимии телевизион ва радиои факултети журналистика дастгоҳу таҷҳизоти пахши барномаҳои радиоӣ оварда шуд ва аввалин барнома бахшида ба Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон дар рӯзи таҷлили ин иди шукуҳманд пахш гардид.

Имрӯз (12.09.2022) дар фазои тантанавӣ бо иштироки муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддинзода Субҳиддин ва ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. Студияи таълимии радиои факултет рӯи мавҷи алоҳида дар диапазонаи 90,5 FM ба истифода дода шуд.

Ректори донишгоҳ зимни сухани табрикотии хеш радиои мазкурро Садои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номгузорӣ намуда, дар самти пешбурди фаъолияти он дастурҳои мушаххас дод. Бояд қайд намуд, ки то ин замон барномаҳои радиоии шогирдони факултет бо усули классикӣ танҳо дар чанд бинои донишгоҳ шунида мешуд.

 Акнун барои донишҷӯён шароит фароҳам омад, ки барномаҳои радиоии худро таҳия намуда, онро рӯи мавҷи алоҳида дар диапазонаи 90,5 FM пахш намоянд. Зимнан гуфта шуд, ки аввалин барномаи бахшида ба Рӯзи Истиқлоли Тоҷикистон дар рӯзи таҷлили ин иди шукуҳманд пахш гардид. Барномаи хурди композитсионӣ таҳти унвони “Тараннуми Истиқлолият” иборат аз ҷузъҳои гуногун нишондиҳандаи завқи баланди шогирдони факултет мебошад.

Қобили қайд аст, ки студияи таълимӣ, қабл аз ҳама, воҳиди таълимиест, ки дар омодасозии касбии кадрҳо дар доираи барномаҳои таълимии таҳсилоти олӣ дар ихтисосҳои журналистика, реклама ва робита бо ҷомеа саҳми муассир дорад. Дар студияи таълимӣ як қисми машғулиятҳои амалӣ мувофиқи ҷадвали таълимӣ гузаронда мешавад.

Дар зимн гуфта шуд, ки радио на танҳо барои устодону шогирдони факултети журналистика, балки барои садорати факултетҳо ва коллективи устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҳамчун минбари андеша хидмат менамояд.