АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ: ГИРОМИДОШТИ ВАТАН ВА ТАРАННУМИ АЪМОЛИ ИНСОНПАРВАРОНА

268

Имрӯз (18.05.2022) бо ташаббуси Донишгоҳи миллӣ бахшида ба бузургдошти Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангии байналмилалӣ бо иштироки Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ ва чеҳраҳои илму адаби ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро декани факултети филологияи тоҷик С.Эмомалӣ ифтитоҳ бахшида, меҳмононро муаррифӣ намуд.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ. зимни суханронии хеш афзуд, ки андешаҳои навоваронаи ин ҳакими бузург масъалаҳои гиромидошти анъанаҳои миллӣ, қимати ватан ва аъмоли инсонпарваронаи пешвоёни халқро дар бар гирифта, афзалияти накуӣ, хайр ва хушахлоқиро дар муқоиса ба бадию шарр тараннум мекунад.

 Гуфта шуд, ки осори Абулқосими Фирдавсӣ баёнгари ақидаҳои таҳаммулпазиронаи ӯ ба адёни дигар буда, огоҳии ӯро аз дастовардҳои бузурги фарҳангии замонҳои пеш гувоҳӣ медиҳад. Симои ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ чун намояндаи шинохтаи марҳилаи Таҷаддуди фарҳанги форсию тоҷикӣ (асрҳои 10-12) барои оламиён чун рамзи Ҳакими хирад ва гуманисти оламшумул муаррифӣ шудааст. Осори шоир гиромидошти ватан ва тараннумгари аъмоли инсонпарварона мебошад.

Дар ҳамоиш сафир Муҳаммадтақии Собирӣ оид ба ҷанбаҳои мухталифи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ суханронӣ намуда, омӯзиш ва ҳифзи онро вазифаи асосии ҷавонон маънидод намуд.

Ҳамин тавр, дар ҳамоиш устодони донишгоҳ Рустам Ваҳҳобзода, Равшан Раҳмонӣ, муҳаққиқи ҷавон Сулаймони Аҳтам, шоири эронитабор Алиризои Қазва, шоири ҷавони тоҷик Бузургмеҳри Баҳодур иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш аз ҷониби ҳунарпешаи ҷавон Ифтихор таронаҳо пешкаши ҳозирин гардид, инчунин, дар интиҳо аз ҷониби сафир ба иштирокчиён ва чанде аз устодону донишҷӯёни донишгоҳ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.