ҚАДРДОНИИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ҲАРБИИ ДОНИШГОҲ

652

Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зумрае аз устодону кормандони кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд.

Подполковник Маниёзода Давлат Мурод, сардори сикли (бахш) тайёрии умумиҳарбӣ ва подполковник Мирзокаримзода Алишер Мирзовалӣ, сардори сикли тайёрии махсус бо медали ҷашнии “25-солагии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ шуданд.

Инчунин, сардори кафедраи ҳарбӣ Назарзода Дилмурод Пир, сардори сикли тайёрии тактикӣ Сафарзода Амрулло Сафар, сардори сикли тарҷумони ҳарбӣ, полковник Aлимов Раҳмоналӣ Буриевич ва сардори сикли тайёрии радио –алоқаи кафедраи ҳарбии донишгоҳ, подполковник Наҷмиддинов Насим Дӯстиевич бо «Ифтихорнома»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллими калони сикли тайёрии оташфишонӣ, майор Гулямов Ҷамшед Файзуллоевич бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 07.09.2021 паради ҳарбӣ доир гардид. Дар паради ҳарбӣ дар қатори дигар ниҳодҳои Қувваҳои Мусаллаҳ устодону кормандон ва муҳассилини кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ аз ҳисоби омӯзгорон фаъолона ширкат варзиданд.