ҶАМЪБАСТИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ

64

Имрӯз (27.04.2022) дар ҷаласаи васеъи устодону кормандони Донишгоҳи миллӣ натиҷаи конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ – «Ҳафтаи илм», ки бахшида ба «Солҳои рушди саноат» (солҳои 2022-2026) ва «Бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» доир гардид, ҷамъбаст шуд.

Дар ибтидо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. доир ба гузаронидани нақша-чорабиниҳои илмӣ-амалӣ дар донишгоҳ дар доираи Паёми Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ изҳори ақида намуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Мавсуф иброз намуд, ки дар конференсияи имсола маърӯзаҳои илмии устодону кормандон, докторантону аспирантон ва донишҷӯён доир ба масъалаҳои мухталифи илмҳои табиатшиносию ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

«Умед аст, ки маърӯзаҳои дар ин конференсия ироашуда барои ҳалли масоили гуногуни илмӣ то як дараҷа мусоидат намуда, дар оянда баҳри инкишофи соҳаҳои мухталифи илм ва ба ҳам пайвастани илму истеҳсолот заминаи хубе фароҳам меоварад,- афзуд Сафармамадзода С.М.

Дар охир устодони донишгоҳ Д.Сангинов, М.Абдулҳақов, Алимуродов А. ва Мисбоҳиддини Н. дар робита ба мавзуъҳои гуногун суханронӣ намуданд.