ҶАМЪБАСТИ КОРИ КОМИССИЯИ ЭКСПЕРТИИ АГЕНТИИ МУСТАҚИЛИ АККРЕДИТАТСИЯ ВА РЕЙТИНГ ДАР ДОНИШГОҲ

418

Имрӯз дар толори калони Донишгоҳи миллӣ Комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР)): раиси комиссия — Косов Владимир Николаевич – доктори илмҳои физикаю математика, профессори Донишгоҳи миллии педагогии Қазоқистон, ҳамоҳангсози Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг – Назирова Гулфия Ривкатовна, номзади илмҳои иқтисодӣ, менеҷери лоиҳа оид ба ташкили комиссияҳои экспертии берунии Агентии мазкур, коршинос – Пак Лаура Алексеевна, мудири кафедраи онкологияи клиникӣ ва тиббии Донишгоҳи тиббии Семей (Ҷумҳурии Қазоқистон), коршинос – Лола Фуркатовна Татаринова, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсенти Донишгоҳи «UIB», Коршинос – Наталия Александровна Кулагина, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии муҳандисӣ-технологии Брянск (Федератсияи Русия) бо роҳбарият ва масъулини сохторҳои гуногуни донишгоҳ вохӯрӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба фаъолияти кори комиссияи экспертӣ изҳори сипос намуда, дар робита ба рушди ҳамкориҳои минбаъдаи донишгоҳ бо Агентии мазкур суханронӣ намуд.

Раиси комиссияи экспертӣ — Косов Владимир Николаевич қаблан ба ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ, хусусан ба Ректори донишгоҳ ва масъулини равобити байналмилалӣ дар самти истиқбол ва ташкили кор изҳори сипос намуда, баъдан дар робита ба беҳтар намудани самтҳои гуногуни фаъолияти факултетҳое, ки ба аккредитатсияи байналмилалӣ пешниҳод гардиданд, суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки комиссияи экспертӣ ҳам дар шакли ҳузурӣ ва ҳам дар шакли маҷозӣ (онлайнӣ) маълумоти заруриро ҷамоварӣ намуда, пас аз омӯзиши ҳамаҷониба ва таҳлили коршиносони сатҳи байналмилалӣ натиҷаи он дар сомонаи расмии Агентии мазкур инъикос мегардад.

Таъкид менамоем, ки аз санаи 29-ум то имрӯз Комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг дар донишгоҳ қарор доштанд. Агентии мазкур яке аз ташкилотҳои байналмилалӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот бо гузаронидани баҳодиҳии мустақили берунаи муассисаҳои таълимӣ мебошад.