ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД МИЁНИ УСТОДОНУ КОРМАНДОН

351

Тавре иттилоъ дода будем, бахшида ба Моҳвораи  ҷавонон миёни устодону кормандон, сохторҳои марбутаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ташкил гардида буд, ки дирӯз (01.06.2023) дар варзишгоҳи Шаҳраки донишҷӯён ҷамъбаст шуд.

Дар ҷамъбасти мусобиқа ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва роҳбарони сохторҳои марбутаи донишгоҳ иштирок намуда, даври финалии мусобиқаро тамошо намуданд. Дар даври хотимавӣ дастаи факултети иқтисод ва идора бо дастаи факултети механикаю математика бозии шавқовар намуданд.

Ҳамин тавр, баъд аз бозии финал маълум шуд, ки дастаи факултети иқтисод ва идора сазовори ҷойи аввал, дастаи факултети механикаю математика сазовори ҷойи дуюм ва дастаи раёсати донишгоҳ соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.

 Дар зимн аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба дастаҳои ғолиб Диплом, Ифтихорнома, Сипоснома, медал, Ҷоми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва мукофотпулӣ, инчунин, ба доварони мусобиқа, беҳтарин бозингарон, беҳтарин дарвозабон, куҳансолтарин бозингар ва дигар мутасаддиёни мусобиқаи мазкур Ифтихорномаю Сипосномаи донишгоҳ супорида шуд.