ҲАМКОРӢ БО ДОНИШГОҲИ ПОТОМАКА

296

Мақсад аз вохӯрии маҷозии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо намояндагони Донишгоҳи Потомакаи ИМА – Сергей Андроников, Андреа Кемп-Кертис ва Розанна Депинто таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба буд.

Табодули муҳаққиқону донишҷӯён дар самтҳои гуногун, омӯзиши забони англисӣ, ташкили ҳамоишҳои маҷозӣ-байналмилалӣ, ба роҳ мондани таҳсилоти 2+2 ва гузаронидани олимпиадаҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи масъалаҳои вохӯрии маҷозӣ буд.

Зимнан таъкид шуд, ки нахуст ҳамкорӣ миёни ДМТ ва Донишгоҳи Потомаки ИМА аз табодули донишҷӯён дар робита ба самтҳои иқтисодию тиббӣ шурӯъ мегардад. Ҷонибҳо дар ин самт барои бастани созишнома ба мувофиқа расиданд.