ҲАМКОРӢ БО МУАССИСАҲОИ ИЛМИЮ ИСТЕҲСОЛИИ ҶОПОН

387

Имрӯз (26.07.2023) намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Имай Сэйдзю, Ито Масаки ва Кикучи Такеши ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти рушди ҳамкориҳо, аз ҷумла дар робита ба 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Ҷопон, баргузор намудани семинару машвардҳои илмӣ, равобити устодону донишҷӯён дар самти такмили ихтисос табодули афкор намуданд.

Дар идомаи мулоқот вобаста ба ҳамкорӣ бо Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (JICA) ва дар ин замина таҳким бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон андешаҳои судманд сурат гирифт. Зимнан таъкид шуд, ки дар назар аст роҳбарияти асосии Агентии мазкур ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо ҳайати донишҷӯёни ДМТ мулоқот намояд. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ пазируфта шуда, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани он таклифҳои судманд сурат гирифт.