ҲАМКОРӢ БО МУАССИСАҲОИ ИЛМИЮ ТАЪЛИМИИ АРАБИСТОНИСАУДӢ

276

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди илмию таълимӣ мулоқоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон  баргузор гардид. Дар мулоқот имконияту шароит ва захираҳои ташаккули робитаҳои илмӣ, таълимӣ, эҷодӣ ва омӯзиши донишгоҳро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода аз имконияту зарфияти илмию таълимии донишгоҳ, хусусан дар самти арабшиносӣ, суханронӣ намуда, ҷиҳати густариш бахшидани ҳамкориҳои илмию таълимӣ пешниҳодҳо намуд.

Дар навбати худ Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон Ар-Решайдон аз дастгирию муносибатҳои дӯстонаи роҳбарияти Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, масъулини соҳаи маориф ва илми кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушди соҳаи маориф, хусусан самти таълиму таҳқиқ андешаҳои ҷолиб иброз дошт. Мавсуф таъкид намуд, ки сафорат омодааст бо тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Донишгоҳи миллӣ дар робита ба масъалаи барномаҳои таълимӣ, табодули устодону донишҷӯён дар самти таҷрибаомӯзӣ ва бурдани корҳои илмию тадқиқотӣ ҳамкорӣ ва дастгириро бештар намояд.