ҲАМКОРӢ ДАР САМТИ ИЛМҲОИ ТИББӢ, ФАРМАТСЕВТӢ

193

Имрӯз дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Урали Федератсияи Русия,доктори илмҳои тиб О.П. Ковтун ва муовини ректор оид ба рушд ва робитаҳои байналмилалии донишгоҳи мазкур Флягин М. А. ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуданд.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар масъалаи татбиқи барномаи таълимии «3+3», табодули донишҷӯёни риштаҳои тиббию фарматсевтӣ, рушди равобити таҷрибаомӯзӣ, ташкили курсҳои такмили ихтисос, инчунин, баргузории ҳамоишҳои муштараки илмию таълимӣ, таъсиси лабораторияи муштараки тадқиқотии донишҷӯён ва дигар масъалаи муҳим табодули афкор намуданд.

Дар зимн тарафҳо ҷиҳати густариш ёфтани ҳамкориҳои байналмилалӣ пешниҳоди мушаххас намуда, ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Ёдовар мешавем, ки дар мулоқот муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ғаффорзода И.Ғ., и.в. декани факултети тиббӣ Изатуллоев А. ва профессори факултети тиббӣ Талабзода С. иштирок ва суханронӣ намуданд.