ҲАМКОРИҲО БО ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ СИНЗЯН РУШД МЕЁБАНД

251

Имрӯз (31.10.2023) ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Вуман Ҷон Айлӣ ва муовини ректори ҳамин донишгоҳ Ҷалилӣ Абдувайлӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, дар самти рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи донишгоҳҳо, аз ҷумла самти ҳамкориҳои илмию таълимӣ суханронӣ намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳо дар робита ба табодули устодону донишҷӯён мубодилаи афкор намуданд. Ҷонибҳо мақсади вохӯриро дар густариш додани ҳамкориҳои минбаъдаи ДМТ ва Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин баён намуда, ҳамзамон ҷиҳати омӯзиши забони хитоӣ, ташкил намудани курсҳои забономӯзӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, инчунин, дар робита ба беҳтар намудани барномаҳои муштарак андешаронӣ намуданд.

Дар зимн барои густариш додани муносибатҳои дуҷониба ҳамчун рамзи дӯстӣ тарафҳо туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Баъд аз вохӯрӣ меҳмонон бо роҳбарии ректори донишгоҳ аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ ҷойгир аст, боздид намуданд. Ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Вуманҷон Айлӣ таассуроти хешро аз донишгоҳ дар дафтари хотироти Осорхона муассир навишта, истиқболи самимонаи роҳбарияти донишгоҳ ва боздиди маънавӣ аз Осорхонаи Пешвои миллатро як рӯзи таърихӣ барояш маънидод намуд.

Ҳамзамон, меҳмонон вориди бинои навсохти Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардиданд. Шиносоӣ ва боздиди меҳмонон аз Осорхонаи донишкада (таърихи фаъолияти донишкада), Синфхонаи фарҳангӣ (муаррифии фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон), Китобхона (китобҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва чинӣ), Синфхонаи лингофонӣ ва маҷлисгоҳи донишкадаи мазкур сурат гирифт.