ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНӢ

338

Дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба имрӯз (19.12.2022) муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи ДМТ, профессор Сафармамадзода С.М. ва мудири шуъбаи равобити байналмилалии донишгоҳ, профессор Қ. Қурбонов бо муовини якуми мушовири Барномаи рушди тиҷоратии Вазорати савдои ИМА Ҷо Вай Янг ва намояндаи шуъбаи иқтисодии Сафорати ИМА дар Душанбе Алан Флеш вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар мулоқот муовини ректор доир ба сохтор ва ҳайати устодону кормандон, зарфият ва имкониятҳо, вазъи кунунии таълиму тадрис, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ маълумот дода, зикр кард, ки дар ДМТ вобаста ба талаботи замон дар бештари ихтисосҳо кадрҳои лаёқатманд омода менамояд.

Зимнан меҳмонон ҳадафи ташрифи худро ба донишгоҳ густариш додани ҳамкориҳои судманд дар масъалаҳои моликияти зеҳнӣ, ба мисли рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ, ҷалби афроди лаёқатманд ба навоварию ихтироъкорӣ, вусъат додани раванди ихтироъкорӣ, баланд бардоштани савияи дониш, иттилоотнокии ҷомеа, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таҳқиқи иқтисоди рақамӣ, азхудкунии технологияҳои инноватсионӣ ва ғайра арзёбӣ намуданд.