ҲАМКОРИҲО РУШД МЕЁБАНД

178

Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти намояндагони Донишгоҳи омӯзгории Синзияни Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии муовини ректори донишгоҳи мазкур оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ван Ҷиён бо ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. густариш додани ҳамкориҳои илмию эҷодӣ, омӯзишӣ ва фарҳангӣ буд.

Ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. дар оғоз меҳмононро ба вазъи имрӯзаи таҳқиқоти илмӣ, низоми таълим, равобити ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва неруи илмии донишгоҳ шинос намуд. Ҳамзамон, бо таваҷҷуҳи меҳмонон дар самти фаъолияти Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий, ки яке аз муассиси он Донишгоҳи омӯзгории Синзиян мебошад, маълумоти мухтасареро манзур намуд.

Муовини ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзиян оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ван Ҷиён дар навбати худ ҳадафи ташрифро ба ДМТ густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ намуда, дар самати омӯзиши забонҳои хитоӣ ва тоҷикӣ, табодули устодону донишҷӯён ва густариш бахшидани ҳамкориҳо дар ин самтҳо таклифҳо намуд. Зимнан изҳор дошт, ки бо ҳайати устодону толибилмони Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ вохӯрӣ намуда, омодаи рушд бахшидани ҳамкориҳо мебошад.

Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.