ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ИЛМ

10

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои пешсафи таҳсилоти олӣ дар кишвар ва берун аз он буда, дар самти анҷом додани таҳқиқоти илмӣ мавқеи арзанда дорад. Роҳбарияти Донишгоҳ пайваста барои ҷалби омӯзгорону пажӯҳишгарон ба таҳқиқи самтҳои афзалиятноки илм ва мусоидат ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоии мамлакат тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд.

Дар ҳамин замина, рӯзи 11 ноябри соли 2025 дар доираи сафари кории ректори ДМТ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзян баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои илмӣ ва таълимии ду донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки барои тавсеаи робитаҳои мутақобила иқдомоти муштаракро амалӣ созанд.

Таъкид шуд, ки бо талошу иқдомҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷин Пин, ҳамкориҳои ду давлат дар соҳаи маориф ва илм босуръат рушд карда истодаанд. Дар ин замина, зарур шумурда шуд, ки робитаҳои илмӣ ва таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Синзян боз ҳам тақвият дода шаванд.

Дар рафти мулоқот диққати асосӣ ба роҳандозии ҳамкориҳои илмӣ дар самтҳои иқтисодиёт, информатика, зеҳни сунъӣ, биология ва экология, дорусозӣ ва дигар илмҳои бунёдӣ равона гардид. Ҷонибҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки табодули академии омӯзгорон, таҳқиқоти муштараки илмӣ ва баргузории чорабиниҳои илмиро ба роҳ монанд.