ҲАМКОРИҲОИ ИЛМИЮ ТАЪЛИМӢ

173

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар имрӯз (18.12.2023) профессори кафедраи технологияҳои истеҳсоли дорусозии Академияи тиббии Қазоқистони Ҷанубӣ Торланова Ботагоз Онгаровна ҳамзамон, аъзои Комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитация и рейтинга (НААР)) ва муалими калони ҳамин кафедра Ардак Баыжтжанова ба Донишгои миллӣ ташриф оварда, таҳти роҳбарии декани факултети фарматсевтӣ Фариддун Раҷабзода аз истеҳсолоти таҷрибавӣ – дорусозии Парки технологии донишгоҳ ва Коргоҳи маводи ҷолинусӣ (галеникӣ)ғи донишгоҳ боздид намуданд.

Меҳмонон ба дастовардҳои илмӣ-истеҳсолии факултети фарматсевтӣ ва истеҳсолоти таҷрибавӣ – дорусозии Парки технологии донишгоҳ ва Коргоҳи маводи ҷолинусӣ (галеникӣ) баҳои баланд доданд. Иттилоъ дода шуд, ки Коргоҳи маводи ҷолинусӣ коргоҳи истеҳсоли химиявӣ-фарматсевтие мебошад, ки дар он аз манбаҳои табиӣ (растанигӣ, маъданӣ, мавҷудотӣ ва ғ.) моддаҳои фаъоли биологӣ, ғизоӣ ва доруворӣ ба даст оварда мешавад. Маҳсулоти нимтайёри ба даст овардашуда дар натиҷаи коркарди минбаъда ва стандартонӣ то ба маҳсулоти тайёри доругӣ ва ё ғизоӣ расонида мешавад. Зикр гардид, ки коргоҳ шаклҳои доруворӣ: маҳлулу луобиҳо, шаробу экстрактҳо, сиробу мушкобаҳо, моддаҳои инфиродӣ ва дигар маҳсулоти табиӣ ба даст оварда мешаванд, ки дар бозори истеъмолӣ ҳамчун маҳсулоти баромадашон табиӣ (масалан, настойкаҳои бояришник, валериана, пустирник, пиона, родиола, прополис ва диг.) арзиш ва талаботи зиёд доранд.

Зимнан меҳмонон аз лабораторияҳои факултети фарматсевтӣ дидан намуда, ҳамзамон барои донишҷӯёи курсҳои 4- ум ва магистрантони ихтисоси технологияи фарматсевтӣ дарси назариявӣ ва лобароторӣ гузарониданд.