ҲАМОИШ ДАР РОБИТА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

143

Дар доираи пазируфтани ташаббуси Пешвои муаззами миллат аз ҷонибиМаҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид – рӯзи 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо имрӯз (18.03.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. зинми суханронӣ пазируфтани иқдоми оқилонаи Пешвои муаззами миллатро аз ҷониби СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мояи ифтихори миллати шарафманди тоҷик номид. Иброз дошт, ки ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон дар шахсияти Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳаллу фасл ва дарёфти роҳу усулҳои рафъи мушкилоти вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо хеле муҳим ва саривақтианд. Иқдомҳои оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмӯӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди “иқтисоди сабз” ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад.

“Дар саҳифаи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳифаи нави таърихӣ бо қабули қатъномаи нав, ки дар маҷлиси 77-уми умумии маҷмааи СММ оид ба «Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва рӯзи 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо хатҳои заррин навишта шудааст. Ин саҳифаи нави давлатдории таърихӣ бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар соҳаи об ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Ҳамаи ин воқеият аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саргаҳи захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ ва истеҳсолкунандаи неруи барқи аз нигоҳи экологӣ тоза ҷой гирифтааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пиряхҳо солҳои охир зери таъсири тағйирёбии иқлим қарор гирифтаанд. Обшавии онҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Мо мушоҳида намуда истодаем, ки Пешвои муаззами миллат тайи ду даҳсолаи охир аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ масъалаи мазкурро бардошта, ҷомеаи ҷаҳониро аз оқибати ногувори он ба сайёра ҳушдор месозад” – таъкид шуд дар ҳамоиш.

Дар ҳамоиш мутахассисон иброз доштанд, ки Тоҷикистон, ҳамчун мамлакати ташаббускор, панҷ пешниҳоди муҳими марбут ба обу иқлим ба Ассамблеяи Генералии СММ пешниҳод кардааст: Эълон доштани Соли байналмилалии оби тоза – соли 2003; Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015; соли 2013-соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, Даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028». 14 декабр қатънома бо эълон гардидани 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо; дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмоягузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо; дар соли 2025 доир намудани Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Гуфта шуд, ки бо назардошти пешниҳодҳои саривақтии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим моро зарур аст, ки ҳамчун мутахассис ва муҳаққиқ ташаббускор бошем ва тамоми чорабиниҳои банақшагирифтаро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем, то ки онҳо баҳри рушди устувор ва амалӣ гардидани иқдомоти навбатӣ самараи дилхоҳ диҳанд.