ҲАМОИШИ АДАБӢ-ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА КОНСТИТУТСИЯ

284

Имрӯз (02.11.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ – 2024 ҳамоиши адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, адибони шинохта Муҳаммад Ғоиб, Аскар Ҳаким ва Ато Мирхоҷа иштирок намуданд.

Чорабинии адабӣ-фарҳангӣ бо садо додаи Суруди миллӣ ва сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз ёфт. Зимнан таъкид шуд, ки чорабинии мазкур идомаи силсилачорабиниҳои донишгоҳӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ мебошад. Гуфта шуд, ки дар давраҳои гуногун васфи сарқонун аз ҷониби адибон дар шаклҳои гуногун гуфта шудааст, ки эҷоди ин гуна шеърҳо дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.

Сипас адибон дар робита ба давраҳои гуногуни таърихии эҷоди хеш, рушди давлатдории миллӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, тараннуми ватану садоқат ба қонун суханронӣ намуда, ҳамзамон, порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.

Дар охир барномаи фарҳангии ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳ намоиш дода шуд.