ҶАРАЁНИ ФОРУМИ ДУЮМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

247

Тавре иттилоъ додем, Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ Форум дар ду бахш идома дорад. Дар бахши аввал маърӯзаҳо дар самти «Тамоюлҳои таҳсилоти байналмилалӣ дар шароити ҷаҳони тағйирёбанда: анъана ва инноватсияҳо» ва дар бахши дуюм суханрониҳо дар самти «Рушди ҳамкориҳои илмию педагогӣ ҳамчун омили ҳамгироии байналмилалӣ дар фазои таълимии бисёрфарҳангӣ» баррасӣ хоҳанд шуд.

Таъкид менамоем, ки Форуми мазкур дар самти омӯхтани таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳо ва таҳкими муносибатҳои неки кишварҳо мусоидат менамояд.