ҶАВОНОН, ҶОМЕА ВА ВОҚЕОТИ ИМРӮЗ

307

Имрӯз (22.05.2024) бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон – 23-юми май дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонони Донишгоҳ таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ” баргузор гардид.

Ҳамоиш бо тамошои дастовардҳои илмию таълимии Донишгоҳ ва садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфт.

Дар ҳамоиш раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш нахуст ректори ДМТ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода оид ба ҳамбастагии ҷавонон ва сулҳу суботи ҷомеа, тарбия намудани онҳо дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ суханронӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки имрӯз аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа мебошанд. Ҳамин аст, ки Аосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар сиёсати давлатӣ мавқеи ҷавононро назаррас арзёбӣ менамоянд.

Сипас меҳмонони болозикр баромад намуда, доир ба нақши ҷавонон дар замони Истиқлол, дӯстиву рафоқат миёни ҷавонон, пос доштани арзишҳои миллӣ ибрози назар намуда, зикр кард, ки дар марҳилаҳои гуногуни рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатӣ дар бахши ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», консепсияву стратегияҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон қабул гардиданд, ки дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим мебозанд.

Зимнан ректори Донишгоҳ доир ба дастовардҳои ҷавонони Донишгоҳ, нақши онҳо дар пешрафт ва рушди илму таълим суханронӣ намуда, иброз намуд, ки ҷавонони саодатманди кишвар бо шукргузорӣ аз фазои ободу озоди замони Истиқлол ва пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талош доранд. Бо дарки масъулият ҷавонони баору номуси кишварро зарур аст, ки дар пайравӣ ба мактаби бузургу ватандӯстонаи Президенти маҳбуби кишвар дар татбиқи ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ҳамеша иштироки фаъолона дошта бошанд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби мудири шуъбаи ҷавонони Донишгоҳ Мардихудо Давлатов ва ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносӣ Миралӣ Собиров дар робита ба мавзуи ҷавонон суханронӣ намуданд.

Дар охир ба чанде аз омӯзгорону донишҷӯёни ҷавони Донишгоҳ ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Донишгоҳ тақдим шуда, таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо барои таҳкими худшиносию ватандӯстии ҷавонон ва мустаҳкам намудани донишҳои ҳуқуқии онҳо мусоидат менамояд.