ҶАВОНОНРО ДОНИШҲОИ ЗАМОНАВӢ МЕБОЯД

131

Имрӯз дар арафаи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз вохӯрии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин бо ҷавонони аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистондоир гардид.

Ректори донишгоҳ зимни вохӯрӣ иброз дошт, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи вижа дошта, ҳамарӯза тадбирҳои заруриро нисбат ба насли ояндасози миллат роҳандозӣ менамоянд. Ҷавонони тоҷик бояд дар тамоми соҳаҳо пешқадам, ҳушманд ва аз таъриху фарҳанги миллати худ огоҳ бошанд, арзишҳои милли худро шиносанд, ба онҳо арҷ гузоранд, ба ҷуз аз забони модарии худ камаш ду забони хориҷӣ, махсусан забонҳои русию англисиро аз худ кунанд. Онҳо бояд донишҳои сиёсии худро пайваста ғанӣ гардонанд, то ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир, дар раванди бесобиқаи ҷаҳонишавӣ ва талошу бархӯрди кишварҳои абарқудрат манфиатҳои давлат ва миллати худро собитқадамона ҳимоя карда тавонанд.

Ректори донишгоҳ дар идомаи суханронӣ аз корномаи беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ ёдовар шуда, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, Ваҳдати миллӣ ва марзу буми ватанро вазифаи ҳамешагии ҷавонони саодатманд унвон намуд.

Зикр шуд, ки давраҳои гуногуни фаъолияти Пешвои муаззами миллат, хусуасан дар роҳи барқарор намудани сулҳу ободӣ ва эҳёи арзишҳои миллию фарҳангӣ, ҳамзамон, муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ барои насли наврасу ҷавон дарси худшиносиву ватандӯстӣ мебошад. Омӯзиши мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат барои ҳар насли ҷавон муҳиму саривақтӣ мебошад.

Дар зимн ҷавонони аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои факултетҳои иқтисодии донишгоҳ сохта шудааст, боздид намуданд.