АЗ ҚАДРДОНИИ БОНУВОН ТО БАРГУЗОРИИ БАРНОМАИ РАНГИНИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

144

Бахшида ба Рӯзи модар – 8-уми март дар толори калони Донишгоҳи миллӣ чорабинии идона баргузор гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. бо самимияти хос ҳайати занону бонувон ва донишҷӯдухтаронро бо ин рӯзи неку фархунда табрик гуфта, дар идома оид ба иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати давлатии бонувон ва хизматҳои шоёни занону бонувон дар рушди давлат ибрози андеша намуданд. Мавсуф зимни суханронӣ аз дастгириҳои бонувону занони донишгоҳ ва ташаббусҳои созандаи модарон дар сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ёдовар шуда, таъкид дошт, ки саҳми бонувон дар рушди самтҳои мухталифи донишгоҳ назаррас аст.

Сипас Ашурзода Гулбаҳор – муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сураҷ Чоршанбезода – муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, устодону кормандони донишгоҳ ва дар симои онҳо кулли бонувони кишварро ба ин санаи фархунда самимона табрик намуданд.

Зимнан гуфта шуд, ки маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият –мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзуда, занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеӣ гузошта истодаанд.

Дар идомаи чорабинӣ Амриддин Шарифов – мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети муносибатҳои байналхалқӣ дар мавзӯи “Ҷойгоҳи занон дар таърихи башарият” маърӯза намуда, иброз дошт, ки нақши бонувон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзанд ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳимму арзишманд мебошад.

“Аз сарчашмаҳои таърихӣ бар меояд, ки дар давраҳои гуногун занону модарон дар қатори мардон ба муқобили аҷнабиён муборизаи беамон бурда, дар таъмини озодиву истиқлолият ва оромиву суботи сарзамини аҷдодӣ саҳми арзишманд гузоштаанд. Маҳз ба ҳамин хотир барои мо мафҳумҳои Модар ва Ватан ҳаммаъно ва бисёр азизу муқаддас мебошанд. Мақому манзалати волои модар, заҳмату шабзиндадориҳои ӯ ва рафтори неку пурмуҳаббаташ нисбат ба наслҳои башарият боис гардид, ки модарро ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин инсон ҳамеша дӯст доранд ва азиз шуморанд”- гуфта шуд дар ҷаласа.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ Манижаи Баҳодур – магистранти факултети ҳуқуқшиносӣ дар васфи Зан-Модар порчаҳои шеърӣ қироат намуданд.

Бахши дигари чорабинии индона қадрдонии бонувони донишгоҳ буд, ки гуфта шуд дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ бонувон бо мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Инчунин, дар зимн зумрае аз бонувони донишгоҳ бо ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Сипас ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ баҳри фароғати ҳозирин ва гиромидошти Зан-Модар барномаи фарҳангию хотирмонеро намоиш доданд.