Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон анъанаи некест, ки дар оғози ҷаласаи васеи Шурои олимон, ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастовардҳои самтҳои гуногуни донишгоҳро муаррифӣ ва бо туҳфаҳои хотиравию мукофотпулӣ қадрдонӣ менамоянд. Имрӯз чунин рӯйдоди хотирмон дар ҷаласаи васеи Шурои олимон доир гардид, ки чанде аз дастовардҳои устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.
Дар оғоз ба устодоне, ки дар самтҳои мухталиф дар КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КОА-и ФР рисолаи илмӣ ҳимоя намудаанд, шаҳодатнома (Раҷабова Марҳабо – устоди факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, Муродов Назримад – устоди факултети таърих ва Назаров Тавакал – устоди кафедраи умумидонишгоҳии забони олмонӣ-фаронсавӣ) супорида шуд.
Дар идомаи ҷаласа зумрае аз устодону кормандон барои омода намудани донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва саҳм гузоштан дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, инчунин, иштирок дар семинарҳои омӯзишии сатҳи байналмилалӣ бо Ифтихорномаи ДМТ ва мукофотпулӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Аз ҷумла, ғолибони озмуни байналмилалии «Муҳаққиқони беҳтарини ИДМ», олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ дар шаҳри Сириуси ФР, ғолиби интернетолимпиада аз фанни химия (ташшабускор-Донишгоҳи давлатии Туркманистон), ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» қадрдонӣ шуданд.
Дар охир ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ғолибонро самимона табрик намуда, дар иҷрои корҳои илмию таълимӣ дастовардҳои тозаро таманно намуд.