АЗ СУХАНРОНӢ ДАР СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТО БОЗДИД АЗ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

160

Дар сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф мавқеи аввалиндараҷа дорад. Дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин равобити илмию таълимӣ ва байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Чин хуб ба роҳ монда шудааст ва дар ҳоли рушд қарор доранд. Баргузории ҳамоишу нишастҳои илмӣ аз ҷумлаи онҳост, ки дар сатҳи гуногун роҳандозӣ мешаванд.

Дар доираи ин ҳамкориҳо имрӯз (07.12.2023) тарҷумони чинии китоби “Тоҷикон” -и Бобоҷон Ғафуров, муовини директори Институти Аврупо, Русия ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои Чин Сзин Сзэ баъд аз иштирок ва сухаронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, ки санаи 5-уми декабри соли ҷорӣ дар Кохи Ваҳдат доир гардид, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо намояндагони донишгоҳ – муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ғаффорзода И.Ғ. вохӯрӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ изҳори миннатдории роҳбарияти донишгоҳ нисбати дар сатҳи баланд пазируфтани ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки имрӯзҳо бо роҳбарии ректори Донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор доранд, баён карда шуд.

Дар зимн ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва баргузории ҳамоишҳои гуногун табодули афкор намуданд. Гуфта шуд, ки донишгоҳ омодааст дар ҳама самтҳо бо Институти Аврупо, Русия ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои Чин ҳамкории судманд дошта бошад.

Ёдрас мешавем, ки зимнан меҳмони гиромӣ аз Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий боздид намуданд.