АЗ ТАЪСИСИ ЛОБОРАТОРИЯ ТО ТАШКИЛИ ДАСТАИ ҲАВАСКОРОН ДАР ЛИТСЕЙ

417

Бо мақсади беҳтар гардонидани фаъолияти сохторҳои гуногуни донишгоҳ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. пайваста суҳбату вохӯриҳои судманд баргузор менамоянд. Бо ин мақсад дар доираи силсилавохӯриҳо баҳри натиҷагирӣ аз фаъолияти Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суҳбати судманди ректори донишгоҳ бо ҳайати омӯзгорону кормандони литсей сурат гирифт.

Ибтидо, ректори донишгоҳ ба масъулин ҷиҳати дастгириҳо дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, барои иҷрои як қатор санаду қонунҳои миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои гуногуни фаъолияти Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи бандҳои нақша – чорабиниҳо баҳри «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», омода намудани толибилмони донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, ташкили семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки олимони соҳа, таъсиси лобораторияҳо, механизми омоданамоии толибилмон ба муаасисаҳои олии касбии кишвар, иштироки фаъоли толибилмон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ҷоннок намудани ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ташкили дастаи ҳаваскорони Литсей мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Интизоми меҳнат, дифоъ намудани рисолаҳои илмӣ, сайқал додани дониш ва маҳорати забондонӣ, саҳм гузоштан дар корҳои тарбиявию таълимӣ, фаъолона иштирок намудан дар нашри мақолаҳои илмию омавӣ, иштирок дар дарсҳои омӯзгорони соҳибтаҷриба аз ҷумлаи масъалаҳои дигари вохӯрӣ бо масъулини Литсей буданд, ки аз ҷониби Ректори донишгоҳ мавридӣ таҳлил қарор гирифтанд.

Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолияти Литсейи равияи табиию риёзии донишгоҳ таваҷҷуҳи зиёд намуда, пайваста тадбирҳои тозаеро рӯйи даст мегиранд ва ҷиҳати боз ҳам хубтар фаъолият намудани Литсей тамоми имкониятҳо истифода менамояд.