АЗ ТАВСИЯҲО ТО ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲ

14

Дар рӯзи сеюми кории комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (Независимое Агентство аккредитации и рейтинга, IAAR) (05.12.2025) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ), пас аз таҳияи тавсияҳо, муҳокима ва қабули қарорҳо, вохӯрии комиссия бо роҳбарияти Донишгоҳ ва масъулини факултетҳои марбута баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ, ки ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. иштирок намуд, таъкид гардид, ки гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ барои рушди самтҳои мухталифи донишгоҳ аҳамияти назаррас дорад. Ректори Донишгоҳ, инчунин, бо ишора ба дастовардҳои илмӣ ва имкониятҳои нави таҳсилоти олӣ, омӯзиш ва ҳамкориҳои байналмилалиро барои пешрафти минбаъда муҳим арзёбӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ, коршиносони байналмилалӣ ва миллӣ масъалаҳои муҳимми марбут ба самтҳои гуногуни Донишгоҳро пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, ба тартиб, бахшҳои мухталиф, ки мавриди арзёбӣ қарор гирифтанд, бо таваҷҷуҳ ба муваффақиятҳо ва мушкилот таҳлил шуданд.

Дар зимн устоди Донишгоҳ Муроздода У. аз таваҷҷуҳи вижаи комиссия ба фаъолияти Донишгоҳ изҳори сипос намуд. Таъкид дошт, ки гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ барои рушди самтҳои мухталифи Донишгоҳ мусоидат менамояд.

Ҳамин тавр, гуфта шуд, ки комиссия умедвор аст, натиҷаҳои назаррас ва мушаххасе ба даст хоҳанд омад ва барои рушди минбаъдаи ДМТ ва пайвастшавӣ бо стандартҳои байналмилалӣ кумак мерасонанд.