Бахшҳои таҳияи барномаҳои компютерӣ ва назорати шабакаҳои компютерӣ

Бо мақсади иҷрои дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз оғози соли таҳсили 2017-2018 марҳилаи ташкили ҷараёни таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ дар донишгоҳ оғоз ёфта, қабули донишҷӯён дар низоми мазкур ба роҳ монда шуд. Раёсати таълими донишгоҳ вобаста ба талаботи Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ нақшаҳои таълимиро аз рӯи 36 ихтисос вобаста ба низоми таҳсилоти фосилавӣ дар 14 факултет бо назардошти мавҷудияти технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ омода намуд. Вобаста ба иҷрои талаботи мазкур шурӯъ аз оғози соли таҳсили 2017-2018 қабули донишҷӯён ба шуъбаи фосилавӣ оғоз гардид.

Ҳамзамон, барномаи компютерии танзимкунандаи назорати раванди таълими таҳсилоти фосилавӣ бо ибтикори барномасозони донишгоҳ таъсис дода шуд, ки тавассути он супоридани санҷишҳои фосилавӣ, супоридани корҳои контролии донишҷӯён, ҳаракати варақаҳои имтиҳонӣ, дастрасӣ ба маводҳои таълимӣ, аз ҷумла, бонки лексияҳо ва саволномаҳои тестии фанҳои таълимӣ назорат ва роҳандозӣ карда мешавад.