БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МУҚОВИМАТИ ТАЪЛИМӢ БАР ЗИДДИ САВДОИ ОДАМОН

479

Имрӯз (13.12.2021) гузоришгари вижаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои савдои одамон, алалхусус занону кудакон Шивон Маллалли ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуд.

Дар аввал Ректори донишгоҳ меҳмони олиқадрро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки яке аз масъалаҳои нигаронкунандаи аҳли башарро дар қатори ҷиноятҳои мудҳиши терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддиру хариду фурӯши ғайриқонунии яроқ, инчунин, савдои одамон бо ҳама гуна зуҳуроташ ташкил медиҳад.

Зимни мулоқот гуфта шуд, ки аз соли 2008 инҷониб дар ДМТ Маркази муқовимати таълимӣ бар зидди савдои одамон фаъолият мекунад, ки устодону муҳаққиқони факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ дар ин самт ба тадқиқоти илмӣ-таълимӣ машғул мебошанд.

Дар идомаи мулоқот раиси Маркази мазкур, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Т.Шарифов дар робита ба фаъолияти марказ, иҷрои нақша-чорабиниҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дар ин самт мавҷудбуда, инчунин, гузаронидани корҳои таълимӣ-таҷрибавӣ дар самти муқовимат бар зидди хариду фурӯши одамон муфассал суханронӣ намуд.

Зимнан гуфта шуд, ки раёсати донишгоҳ дар робита ба фаъолияти пурсамари Маркази муқовимати таълимӣ бар зидди савдои одамон тамоми шароитро фароҳам оварда, дар ин самт тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намудааст.