БОЗДИДИ МЕҲМОНОНИ БЕЛАРУС АЗ ШАҲРАКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДМТ

575

Тавре иттилоъ додем, имрӯз (11.10.2022) дар пойтахти ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Беларус баргузор шуд. Иштирокчиёни Форум масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишварро баррасӣ карданд. Дар доираи Форум ҳамчунин намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолкунандагони Ҷумҳурии Беларус бо номи “Made in Belarus” баргузор шуд.
Пас аз анҷоми Форум як қатор созишномаву қарордодҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Беларус ба имзо расиданд. Дар маросими имзои санадҳо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Андрей Иванес, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Баъд аз маросими имзои созишномаҳо нимаи дуюми рӯз бо даъвати ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ректорони донишгоҳҳои Беларус аз Шаҳраки донишҷӯёни ДМТ боздид намудаанд. Ҳамчунин, роҳбарони муассисаҳои таълимии Беларус аз Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ дидан карда, бо ҷараёни таълиму омӯзиши фарҳанг дар донишкада аз наздик шинос шуданд.