БОЗДИДИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ АЗ ОСОРХОНАҲО

175

Имрӯз бо роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. раёсати Донишгоҳи миллӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.

Тамошои кормандони донишгоҳ, аз ҷумла кормандони бахши таълиму тарбия аз толоре, ки дар ошёнаи якум буд, оғоз ёфт. Баъдан аз толорҳои олами ҳайвоноту наботот ва мамнӯъгоҳҳо, толори бозёфтҳои таърихии замонҳои гуногун, ичунин, бозёфтҳои замони Истиқлол ва рӯйдодҳои таърихии он идома ёфт. Воқеан, ин боздид ба кулли кормандон хеле хотирмон буд.