ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

635

Бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз (21.02.2023) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз кафедраи ҳарбии донишгоҳ, аз ҷумла аз парки мошинҳои таълимӣ, синфхонаҳои тайёрии оташфишонӣ, тайёрии техникаи махсус ва синфхонаи сикли тайёрии радиоалоқа дидан намуда, аз рафти машғулиятҳои дарсии донишҷӯён шинос гардид.

Сипас бо иштироки роҳбарияти донишгоҳ ва афсарону донишҷӯёни кафедраи ҳарбӣ дар толори калони донишгоҳ барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.

Зимни суханронӣ ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., афсарону омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб ёфта, кафили сулҳу субот, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмуъ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат мебошад.

Дар идомаи суҳбат ректори донишгоҳ ҷавононро ба хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят карда, таъкид намуданд, ки муқаддастарин арзиши ҳаёт-дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани марзу буми Ватан мебошад.

Ҳамзамон, мудири кафедраи ҳарбии донишгоҳ, палковник Назарзода Д. ҳозиринро бо ҷашни Артиши миллӣ табрик намуд. Зимнан ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо медали 30- солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Собирзода Н.М. бо рутбаи ҳарбии «Капитан» ва чанде аз афсарони кафедраи ҳарбӣ бо Ифтихорномаи донишгоҳ қадрдонӣ шуданд.