Имрӯз (22.02.2023) бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ – 23-феврал дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии генерал-майёр, мушовири фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Муминзода бо устодону донишҷуёни факултетҳои журналистика ва филологияи тоҷик баргузор гардид.
Баҳриддин Муминзода дар суҳбат бо донишҷӯён, ки худ шахсияти собиқадор ва бевосита дар ташкилу таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштааст, аз рӯзҳои аввали таъсисёбии артиш ва шароити имрӯзаи қисмҳои ҳарбӣ ёдовар шуда, қайд намуд:
-Артиши миллӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбияш ҳамеша дар зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати кишвар Президенти мамлакат қарор дорад. Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шароити бениҳоят вазнини кишвар ба амал омада буд, кори саҳлу содда набуд. Бо дастгирии ҳукумат ва ғамхории Пешвои миллат имрӯз шароит дар қисмҳои ҳарбӣ рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст. Танҳо ҷавонони бонангу номуси кишварро зарур аст, ки бо иродаи қавӣ хизмати Ватан-Модарро адо намоянд.
Ёдрас мешавем, ки дар ҷараёни вохӯрӣ декани факултети журналистика Бахтиёри Қ. ва устодон С.Гулов, Ализода Х. суханронӣ намуданд.