ДАР СУҲБАТИ САФИРИ БЕЛГИЯ

341

Ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо сафири фавқулодда ва мухтори Шоҳигарии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Анри Вантигем мулоқот намуд.

Ҳадаф аз ташриф ва мулоқоти сафир мустаҳкам намудани робитаҳо дар самтҳои илмию таълимӣ буд. Нахуст, ректори донишгоҳ доир ба вазъи илму таълими донишгоҳ ва робитаи он бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар сухан гуфта, дар самти густариш бахшидани ҳамкориҳо дар заминаи донишгоҳҳои Шоҳигарии Белгия пешниҳодҳои судманд намуд.

Зимнан дар толори калони донишгоҳ вохӯрии муҳтарам сафир Анри Вантигем бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ доир гардид. Дар оғоз ректори донишгоҳ изҳор дошт, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия 29 апрели соли 1992 барқарор шудаанд. Гуфта шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ бо Шоҳигарии Белгия ба сифати яке аз кишварҳои поягузори Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли рушд қарор дорад.

Муҳтарам сафир дар навбати худ оид ба мавзӯи мавқеъ ва таъсири бетарафӣ дар ҷаҳони муосир, инчунин, таърих ва сиёсати пешгирифтаи Шоҳигарии Белгия суханронӣ намуд. Дар индомаи вохӯрӣ роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни робитаҳо суолу ҷавоб сурат гирифт.