ДАР СУҲБАТИ САФИРИ ИНДОНЕЗИЯ

248

Имрӯз сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳаммад Фаҷрол Раҳман ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, профессор Собирзода Н.М. вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқот робитаҳои илмӣ, эҷодӣ ва омӯзишии ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Индонезия баррасӣ гардид. Меҳмони олиқадр ҳадафи ташрифи худро таҳким бахшидани ҳамкориҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Индонезия бо ДМТ арзёбӣ намуд.

Сипас дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарси кушоди муҳтарам сафир доир намуд, ки дар он устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Дар оғоз муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, профессор Собирзода Н.М. меҳмонони олиқадрро ҷиҳати ташриф ба донишгоҳ хайрамақдам намуда, зикр кард, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия хусуан дар самти илму маориф дар ҳоли рушд қарор дошта, ин муносибатҳо соли 1994 барқарор шудааст.

Сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳаммад Фаҷрол Раҳман зимни суханронӣ бо маърӯза таҳкими шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезияро қайд намуда, рҷеъ ба рушди соҳаи дипломатияи Индонезия маълумоти муфассал дод. Афзуд, ки вазъи кунунии муносибатҳои байналмилалии Индонезия ва раванди ҷаҳонишавӣ зери таваҷҷуҳи хоса дипломатҳо қарор доранд. Зимнан роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни мавзӯи нишаст суолу ҷавоб сурат гирифт.

Ёдрас мешавем, ки дар зимн ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.