Чанде қабл Интернет-олимпиадаи V байналмилалии донишҷӯён зери унвони «Низоми интихоботии мамлакатҳои ҷаҳон», ки барои соли 2024 баргузор гардид, ҷамъбаст шуд. Аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ ғолибони олимпиадаи мазкур пайваста қадрдонӣ карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия (IMRD IPA CIS), Академияи давлатии ҳуқуқии Саратов ва Маркази байналмилалии иттилооти илмӣ ташкил шуда буд.
Дар олимпиадаи мазкур 3172 донишҷӯ аз 177 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он иштирок намуданд. Дар олимпиада намояндагон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Узбекистон, Туркманистон, Украина, Гурҷистон, Мексика, Ветнам, Чин, Канада, Конго, Колумбия, Ливана, Мали, Муғулистон, Малӣ, Нигерия, Чад, Эквадора ва Ҷумҳурии Конго иштирок намуданд.
Тули панҷ сол мешавад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиада дастаи олимпии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ намояндагӣ менамояд. Донишҷӯёни донишгоҳ дар панҷ соли иштироки худ ба натиҷаҳои зерин ноил гардиданд:
– 2020 (1 ғолиб ва 3 ҷои ифтихорӣ);
– соли 2021 (1 ғолиб ва 5 ҷои ифтихорӣ);
– соли 2022 (2 ҷои ифтихорӣ);
– соли 2023 (1 ғолиб ва 4 ҷойи ифтихорӣ)
Дар соли 2024 бошад, сарфи назар аз теъдоди зиёди иштирокчиён ва шадид сурат гирифтани рақобатҳо, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тавонистанд Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври назаррас муаррифӣ намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гарданд. Боиси хушнудист, ки имсол донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нишон додани маҳорати баланд 9 нафар ғолиб ва 16 нафар ҷоизадори Интернет-олимпиадаи V байналмилалии донишҷӯён зери унвони «Низоми интихоботии мамлакатҳои ҷаҳон» гардиданд.
Дастоварди мазкур дар соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва барои оғози соли нави 2025 беназир мебошад.
Дастовард муборак!