ДАСТАИ ОЛИМПИИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ ИНТЕРНЕТ-ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГАРДИДАНД

160

Аз 15 сентябр то 30 октябри соли 2023 Интернет-олимпиадаи IV байналмилалии донишҷӯён зери унвони «Низоми интихоботии мамлакатҳои ҷаҳон» баргузор гардид. Чорабинии мазкур аз ҷониби Институти байналмилалии мониторинги рушди демократӣ (IMRD IPA CIS) ва Академияи давлатии ҳуқуқии Саратов ташкил карда шуда буд. Дар олимпиадаи мазкур 2476 донишҷӯ аз 172 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он иштирок намуданд. Дар олимпиада намояндагон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Узбекистон, Туркманистон, Украина, Гурҷистон, Шоҳигарии Испания, Мексика, Ветнам, Чин, Канада ва Ҷумҳурии Конго иштирок намуданд. Тули чор сол мешавад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин олимпиада дастаи олимпии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон намояндагӣ менамояд. Донишҷӯёни донишгоҳ дар чор соли иштироки худ ба натиҷаҳои зерин ноил гардиданд:

– 2020 (1 ғолиб ва 3 ҷои ифтихорӣ);

– соли 2021 (1 ғолиб ва 5 ҷои ифтихорӣ);

– соли 2022 (ду ҷои ифтихорӣ).

Дар соли 2023 бошад, сарфи назар аз теъдоди зиёди иштирокчиён, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тавонистанд Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври назаррас муаррифӣ намуда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гарданд. Аз ҷумла Юнусова Фараҳноз-донишҷӯи соли дуюми факултети ҳуқуқшиносӣ – сазовори ҷои якум ва Окилова Снежелана, Муллоев Мирзомурод, Сафаров Меҳроб, Қудратуллозода Шукрона – донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ – ҷойҳои ифтихориро ишғол намуда, бо дипломҳои махсуси таъсиснамудаи кумитаи тадорукоти олимпиада сарфароз гардиданд.

Субҳи имрӯз, ректори донишгоҳ, муҳтарам Хушвахтзода Қ. Х. бо ғолибони олимпиадаи мазкур суҳбати гарму самимӣ ороста, таъкид доштанд, ки тамоми дастовардҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон натиҷаи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дастовардҳои донишҷӯёни донишгоҳ дар соли 2023 беназир буда, сазовори ду Шоҳҷоиза гардидани онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “”Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” фоли некест дар ҳошияи 75 солгии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Дар фарҷоми суҳбат ректори донишгоҳ тамоми ғолибони олимпиадаро бо пирӯзиашон табрик намуда, ба онҳо дастовардҳои наву назаррасро таманно намуданд.

Ашуралиева Шахзода