ДАСТОВАРДҲО ҚАДРДОНӢ ВА ҒОЛИБОН ҲАВАСМАНД ГАРДОНИДА ШУДАНД

221

Устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ дар арафаи ҷашнҳои гуногун ба дастовардҳои илмию таълимӣ ва варзишӣ шарафёб гардидаанд, ки аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ қисме аз навгониҳо муаррифӣ ва қадршиносӣ шуданд. Имрӯз дар қисмати аввали ҷаласаи васеи Шурои олимони Донишгоҳи миллӣ чун анъана як қатор дастовардҳои устодону донишҷӯёни донишгоҳ аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. қадрдононӣ шуданд.

Иштироки фаъоли роҳбарияти донишгоҳ дар чорабиниҳои сиёсӣ-маърифатӣ, ғолибияти устодону донишҷӯён дар ҳамоишҳои илмии байналмилалӣ (маҷозӣ), гирифтани нишону медалҳои фахрии донишҷӯён дар озмунҳои байналмилалӣ, иштироки фаъоли устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатии сатҳи ҷумҳуриявӣ, инчунин, ғолибияти донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои “Илм – фуруғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ғолибияти донишҷӯён дар чорабиниҳои варзишии дохилию хориҷӣ аз ҷумлаи навгониҳо буд, ки муаррифӣ ва қадрдонӣ шуданд.

Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи ДМТ, Ифтихорномаи Китобхонаи миллӣ, Ифтихорномаи КВД “Амонатбонк”, Ифтихорномаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра буданд, ки дар арафаи ҷашнҳои давлатӣ – Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75-умин солгарди фаъолияти Донишгоҳи миллӣ ба унвонии роҳбарият ва зумрае аз устодону кормандони донишгоҳ омада буданд.

Ректори донишгоҳ устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро барои дастовардҳои илмӣ-эҷодӣ самимона табрик намуда, дар робита ба афзун намудани навкориҳо дар ҳаёти илмию таълимӣ ва равобити байналмилалӣ тавсеаҳои судманд дода, саҳми устодону кормандон ва донишҷӯёни фаъолро дар рушди ҳамаҷонибаи донишгоҳ назаррас арзёбӣ намуданд.

Дар қисми дуюми ҷаласа як зумра гузоришҳо дар робита ба масъалаҳои мухталифи донишгоҳ шунидаю баррасӣ шуданд.

Ашуралиева Шахзода