ДАСТОВАРДИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ XV ФОРУМИ ИҚТИСОДИИ ҶАВОНОНИ АВРУОСИЁ

33

Чуноне қаблан иттилоъ дода шуд, 21-25 апрели соли 2025 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия XV Форуми иқтисодии ҷавонони Авруосиё баргузор гардида истодааст, ки дар он ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо роҳбарии директори Парки технологӣ – Муродзода У.У. дар ҳайати зерин ба таври назаррас иштирок намуда истодаанд:

1. Бобомиров Усмонбой Зикриёеевич – донишҷӯйи соли 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ;

2. Ганизода Омина Шухрат – донишҷӯйи соли 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ;

3. Назурзода Мехрона Дилшод – донишҷӯйи соли 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ;

4. Рачабзода Хусрав Зайнулло – донишҷӯйи соли 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ;

5. Шерализода Марям Шералӣ – донишҷӯйи соли 2-юми факултети ҳуқуқшиносӣ.

Дар доираи баргузории Форуми мазкур озмунҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар онҳо дастаи олимпии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзиданд.

Бо ҳисси ифтихор хабар медиҳем, ки дастаи олимпии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар натиҷаи иштироки фаъолона дар даври ниҳоии озмунҳои Форуми мазкур ба натиҷаи назаррас ноил гардида, ба хазинаи дастовардҳо Донишгоҳ ҷоизаҳои навро ворид намуданд.

Аъзоёни дастаи олимпии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайнӣ) ширкат варзида, сазовори 5 медали тиллоӣ, 5 медали нуқрагӣ ва 6 медали биринҷӣ гардиданд.

Ҳамзамон, дастаи олимпии Донишгоҳ дар номинатсияҳои “Беҳтарин баромад дар ИДМ”, “Беҳтарин эссе”, “Беҳтарин кори илмӣ-тадқиқотӣ” ва “Беҳтарин ғояи (идеяи) илмӣ” ғолибияти комилро ба даст оварданд.

Боиси сарфарозист, ки аъзоёни дастаи олимпии Донишгоҳ дар вазъияти тантанавӣ дар майдони баргузории даври ниҳоии озмун ва иштирокчиён маҷозӣ дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо медалҳои ҷашнии сарисинагии Форум, диплом ва дигар туҳфаҳои арзишманди хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дастоварди навбатӣ муборак бод!