ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶӮИ ДМТ

837

Бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 5-6-уми ноябр бо ибтикори Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини «Дзю-до» баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур ҷавонон аз гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок намуда, ғолиби ҷайҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ донишҷӯи курси 1-уми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллӣ Баракатулло Икромов дар вазни 60 кг қувваозмоӣ намуда, сазовори ҷойи 3-юм, медалу Ифтихорномаи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон гардид.

Ғолибият муборак!