ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮИ ДМТ ДАР ОЗМУНИ МАҚОЛАИ БЕҲТАРИН

191

Санаи 22 декабри соли 2023 дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни мақолаи беҳтарин оид ба ҳифзи пиряхҳо дар заминаи Қатъномаи A/77443 Маҷмааи Умумии СММ оид ба эълон намудани “Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҷамъбаст гардид. Боиси ифтихор аст, ки дар он донишҷӯи соли 2-и факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бобошоҳзода Шоҳимардон иштирок намуда соҳиби ҷои сеюм гардид. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода дар вазъияти тантанавӣ ба Бобошоҳзода Шоҳимардон диплом ва дигар тӯҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд.

Дастоварди навбатӣ муборак!