ДАВРИ АВВАЛИ ҚАБУЛИ ХОНАНДАГОН БА ЛИТСЕЙИ ДМТ

346

Тавре иттилоъ дода будем, 13 март бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст, яке аз иқдомҳои шоистаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди маориф, тарбияи дурусти хонандагон дар руҳияи ватандӯстӣ, азбар кардани нозукиҳои технологияи компютерӣ, соҳибкасб шудан ва омӯзондани забонҳои хориҷӣ мебошад.

Бо ин мақсад имрӯз (14.06.2023) даври аввали қабули хонандагон аз синфи як то ёздаҳ оғоз гардид, ки дар он ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо хонандагон ва падару модари онҳо мулоқот ва суханронӣ намуд.

Зимнан ректори донишгоҳ оид ба шарту шароити бинои нав ва имконияту зарфиятҳои он ба хонандагон ва падару модари онҳо маълумот дода, зикр намуд, ки Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои 47 синфхонаи замонавию барҳаво буда, барои таълиму тарбияи хонандагон синфхонаҳо бо тамоми аёниятҳои дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Инчунин, дар Литсей 10 синфхонаи алоҳидаи фаннӣ барои омӯзиши химия, физика, биология, математика ва геометрия ташкил гардида, барои гузаронидани таҷрибаву озмоишҳо имконияти мусоид фароҳам мебошад. Дар баробари ин, дар Литсей омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорандаи унвонҳои илмидошта ба толибилмон дарс гуфта, ҷиҳати беҳдошти сифати таълиму тарбияи хонандагон, ҳавасманд сохтани толибилмон ба китобхонӣ, роҳнамун сохтани онҳо ба озмунҳои фаннӣ ва ҳунаромӯзӣ, фароҳам овардани шароити муосири таълимӣ пайваста кӯшиш менамоянд.

Сипас аз ҷониби омӯзгорони соҳибтаҷриба толибилмон ба синфхонаҳо тақсим гардида, тариқи шифоҳӣ саволу ҷавоб сурат гирифт. Гуфта мешвад, ки озмун аз се давр иборат буда, даврҳои дигари он марҳила ба марҳила сурат мегирад.

Бинои нави Литсейи равияи таббиию риёзӣ аз ҷумлаи тадбирҳои вобаста ба татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” маҳсуб гардида, ба ин васила дар Литсей барои азбаркунии ҳамаҷонибаи илмҳои табиию риёзӣ имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.