ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ ЧИНӢ ДАР ДМТ

165

Забони чинӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамчун як воситаи муҳимми муошират ва ҳамкорӣ дар арсаҳои иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ баромад мекунад. Донистани ин забон на танҳо барои мутахассисони алоҳида, балки барои кишвари мо аҳамияти стратегӣ дорад.

Бо ин мақсад рӯзҳои 28-ум ва 29-уми ноябри соли 2024 дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни байналмилалии табодули малакаҳои таълими забони чинӣ барои омӯзгорони маҳаллии минтақаи Осиёи Марказӣ таҳти унвони “Мусобиқаи қаҳрамонии омӯзгорони забони чинӣ дар соли 2024” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия, мушовири Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ван Гуочун, масъули бахши маорифи Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суэ Гуансэн, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода Гулназарзода Жило, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода Сафармамад, муовини якуми ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Раҳимов Мирзоҳид, роҳбарони Донишкадаҳои Конфутсий дар Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва намояндагони дигар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳадаф аз роҳандозӣ намудани тадбири мазкур омӯзиши забони чинӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Озмун бо мақасади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони маҳаллӣ аз фанни забони чинӣ ва тақвияти ҳамкориҳо ҷиҳати тадриси забони чинӣ гузаронида мешавад. Озмуни мазкур аз ҷониби Маркази ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи забони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар якҷоягӣ бо Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ гузаронида шуд.

Дар озмун таъкид гардид, ки омода кардани омӯзгорони маҳаллӣ яке аз омилҳои асосии таълими забони чинӣ мебошад. Омӯзгороне, ки забони чиниро бевосита аз соҳибзабонон меомўзанд, на танҳо дар таълим, балки дар таблиғи ҳамкориҳои фарҳангӣ саҳми бузург мегузоранд. Зимнан донистани забони чинӣ ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин саҳми бузург мегузорад. Ин забон ба мутахассисон имкон медиҳад, ки дар лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ ва илмӣ фаъолона иштирок намоянд, дар донишгоҳҳои пешрафтаи Чин таҳсил кунанд ва бо технологияҳои нав шинос шаванд. Ҳамчунин, забони чинӣ пули мустаҳками фарҳангӣ буда, ба ду миллат имкон медиҳад, ки арзишҳо ва анъанаҳои худро беҳтар фаҳманд ва муаррифӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки дар даври ниҳоии озмуни мазкур 10 нафар довталаб аз 4 кишвари Осиёи Марказӣ аз рӯйи намоиши дарс рақобат мекунанд.