ДМТ – ДАР МАҚОМИ 4-УМ

367

Раддабандии “Рейтинги донишгоҳҳои Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) (IAAR-EUR)-2023”

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ ва иштирок дар рейтингҳои минтақавӣ, донишгоҳи пешқадами Тоҷикистон – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мунтазам дар низоми гуногуни рейтинги байналмилалӣ иштирок мекунад.

Ин навбат Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар раддабандии “Рейтинги донишгоҳҳои Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) (IAAR-EUR)-2023” (IAAR University Ranking (IAAR-EUR)-2023) ба панҷгонаи беҳтарин дохил шуда, дар байни беҳтарин донишгоҳҳои минтақа мавқеи пешсаф – мақоми 4-умро ишғол намуд. Ҳамчунин, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барандаи ҷоизаи “Ситораи сифат”-и (IAAR EUR star Quality) агентии мазкур гардид.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин донишгоҳи Тоҷикистон аст, ки тибқи гузориши Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг ба панҷ донишгоҳи беҳтарин шомил шудааст ва аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд гирифтааст.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҷомеаи илмию таълимии ҷаҳонӣ пайваста мутобиқ шуда, ҷиҳати наздик кардани нишондодҳои худ ба меъёрҳои байналмилалии донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон корҳои зиёдеро анҷом медиҳад. Хусусияти фарқкунандаи натиҷаҳои донишгоҳи мо дар ин раддабандӣ афзоиши шумораи нашрияҳои илмӣ дар маҷаллаҳои ҷаҳонии индексатсияшуда Q1-Q2 ва, инчунин, индексатсияи олимони донишгоҳи мо мебошад, ки аз пешравфти корҳои илмӣ шаҳодат медиҳад.

Агентии мазкур (IAAR) аввалин агентии аккредитатсия аз кишварҳои ИДМ мебошад, ки мақоми баланди эътирофи Федератсияи умумиҷаҳонии таълими соҳаи тиббӣ (WFME) гирифтааст.

Фаъолияти “IAAR” ба стандартҳои кафолати сифати Минтақаи таҳсилоти олии аврупоии “ESG” ва Федератсияи ҷаҳонии таҳсилоти тиббӣ “WFME” мувофиқат мекунад.

“IAAR” аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ ва махсусгардонидашуда мегузаронад, ки дар сатҳи миллӣ эътироф шудааст (дар Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Молдова), инчунин дар Русия, Руминия, Узбекистон аккредитатсияи байналмилалиро анҷом медиҳад ва нишони сифати таҳсилро дар дигар кишварҳо медиҳад.

Қобили қаид аст, ки Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) узви комилҳуқуқи шабакаҳо ва агентиҳои Аврупо, Осиё ва Амрикоии зерин оид ба сифат дар соҳаи маориф мебошад: INQAAHE – Шабакаи байналмилалии агентиҳои кафолати сифат дар таҳсилоти олӣ; CHEA/CIQG – Гурӯҳи байналмилалии сифат Шурои аккредитатсияи таҳсилоти олӣ дар ИМА; IREG – Расадхонаи байналмилалии рейтинги академӣ ва аъло; CEENQA – Шабакаи Агентиҳои кафолати сифат дар соҳаи таҳсилоти олӣ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ; APQN – Шабакаи Сифати Осиё ва Уқёнуси Ором.

Дастоварди навбатӣ муборак бошад!