ДМТ ДАР МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ КФ “ИСТИҚЛОЛ”

109

Бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Кулуби футболи “Истиқлол” оғоз ёфт. Дар мусобиқа футболбозони сохторхои гуногуни ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

Дар мусобиқа дастаҳо ба 4 гурӯҳ тақсим шуда, бозии аввалин рӯзи 26.09.2022 шурӯъ шуд.

Дар ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ рақобат дорад, ки бози аввалини худро бо дастаи ташкилоти сайёҳии “Диёр ТРЭВЕЛ” анҷом дод.

Дар бозии аввал дастаи Донишгоҳи миллӣ бар ҳисоби 6-1 пирӯз гашт, ки голҳои дастаро Муҳаммад Маҳизода, Исоев Комёр, Мирзоев Шодӣ, Умаров Ҷамшед, Файзуллоев Баҳриддин ва Бобозода Умед ба самар расониданд.

Аз дастаи донишгоҳ дар бозиҳои минбаъда низ ғолибиятро интизорем.