ДМТ ДАР СОЛИ 2021: ТАҲЛИЛИ ЯК СОЛИ ФАЪОЛИЯТ

662

Имрӯз (11.01.2022) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он бурду бохт ва натиҷаи дастовардҳои як соли фаъолияти устодону кормандони донишгоҳ (2021) ва омодагиву вазифаҳо барои соли 2022 мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илми ҶТ Собирзода Н.М. ва роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок доштанд.

Дар оғоз Суруди миллӣ садо дода, сипас, ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар мавриди ҳар як бахши донишгоҳ, фаъолияти яксолаи устодону кормандони он ва зарфияти илмии донишгоҳ ба тафсил сухан ронд. Мавсуф соли 2021-ро дар маҷмӯъ барои ДМТ хуб арзёбӣ намуд. Зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки соли 2021 барои омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки дар ин сол ҳайати бисёрҳазорнафараи омӯзгорону кормандон, докторантону магистрон ва донишҷӯёни донишгоҳ 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллии мардуми шарафмандамонро бо шукуҳу шаҳомати хосса ва руҳу илҳоми тоза ҷашн гирифта, дар таҷлили ин санаи пуршараф ва ҳаётан муҳим ширкати фаъолона намуданд.

 «Аз лаҳзаҳои хотирмони соли сипаригашта ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати ифтитоҳи бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва хобгоҳи донишҷӯён, ҳамчунин, гузоштани санги асос барои сохтмони силсилаи 2-юми бинои хобгоҳи 12 ошёна дар мавзеи “Шаҳраки донишҷӯён” буд. Ба истифода додани биноҳои мазкур туҳфаи арзандае буд ба кулли устодону донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,- афзуд ректор Хушвахтзода Қ.Х..

Инчунин, Ректори донишгоҳ зимни суханронии хеш аз камбудиву норасоиҳое назири дарсшиканӣ, норасоии устодони унвондор дар баъзе кафедраҳо, хунукназарии бархе донишҷӯён ба дарс, беҳтар намудани сатҳи забономӯзии ҷавонон изҳори назар намуд. Ректори донишгоҳ масъулинро вазифадор намуд, ки баҳри тарғибу ташвиқи донишгоҳ дар дохил ва хориҷи кишвар ва ҷалби бештари донишҷӯён, магистрон ва докторантону унвонҷӯён самти коргузориро ҷиддан ба роҳ монанд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм»,“Стратегияи рушди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурити Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2020-2040” аз пештара бештар тадбирҳо андешида шавад.

 Профессор Хушвахтзода Қ.Х. афзуд, ки яке аз дастовардҳои арзанда ва таърихии донишгоҳ ин гузаштани ДМТ аз Агентии аккредитатсионии аврупоии ЕККА ва донишгоҳ ишғол намудани ҷойи 241-ум дар миёни 450 донишгоҳи беҳтарин ва пешрафтаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мебошад, ки аз ҷониби ширкати бонуфузи британиятгии «Quacquarelli Symonds (QS)» – Раддабандии донишгоҳҳои ҷаҳонӣ муайян карда шудааст.

 Дар робита ба самти иқтисодиву молиявии донишгоҳ масъалагузориҳо сурат гирифта, таъкид шуд, ки аз 01.09.2022 музди меҳнати устодону кормандони донишгоҳ 10% зиёд карда мешавад. Яъне, ин иқдом илова ба он иқдоме, ки Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ намуда буд, мебошад: “аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад”.

 Дар робита ба ҳисоботи Ректори донишгоҳ муовини вазири маориф ва илми ҶТ Собирзода Н.М., декани факултети иқтисод ва идора Исайнов И.Р., устоди факултети филология Муртазозода З. ва ассистенти кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории донишгоҳ Рустамзода Ш. фикру пешниҳодҳои худро иброз дошта, фаъолияти солонаи Раёсати донишгоҳро мусбат арзёбӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа тибқи фармоиши Ректори донишгоҳ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст” ва ба устодони донишгоҳ, ки дар озмуни мазкур ҳамчун аъзои ҳакамон иштирок намуданд, Ифтихорномаи ДМТ ва мукофотпулӣ дода шуд.

Ҳамзамон, зимни баррасии ҳисобот оид ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2020 соли 2021 дар ДМТ “Соли рушди сифати таҳсилот” эълон гардида буд. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва сазовор пешвоз гирифтани “Соли рушди сифати таҳсилот” аз ҷониби Шуъбаи назорати сифати таҳсилот аз рӯи чаҳор номиннатсия: “Факултети беҳтарин”, “Кафедраи беҳтарин”, “Омӯзгори беҳтарин” ва “Донишҷӯи сол” озмун эълон гардида буд, ки зимнан ғолибони озмун муаррифӣ ва бо Диплом, Ҷом ва мукофотпулӣ сарфароз гардиданд.

Дар интиҳо Ректори донишгоҳ бо арзи сипос ва миннатдорӣ ба меҳмонон, ба кулли устодон ва кормандони ДМТ дар соли 2022 муваффақият ва комёбиҳо таманно намуда, иброз доштанд, ки “раёсат ва аҳли омӯзгорону кормандони ин боргоҳи маърифат дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани нуфузу эътибори донишгоҳ кӯшиш намоянд ва тавонанд, дар пешрафту татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат бештару беҳтар саҳмгузор бошанд”.