ДОНИШҶӮИ БЕҲТАРИНИ ИДМ – 2021

82

Муддатест, ки аз ҷониби сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Қазоқистон дастовардҳои хатмкунандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) муаррифӣ ва қадрдонӣ шуда, дар китоби бонуфуз бо унвони «Донишҷӯи беҳтарин» нашр мешавад.

Дастовардҳои Эшонова Шаҳзода Муртазоевна – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси иқтисод ва идора дар корхонаҳои факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллӣ дар сеюмин чопи китоби байналмилалии «Донишҷӯи беҳтарини ИДМ – 2021» дарҷ гардид.

Эшонова Ш.М. дар суҳбат бо мо чунин афзуд: «аввали моҳи апрел ҷиҳати барраси намудани дастовардҳо ба кумитаи тадорукоти «Донишҷӯи беҳтарин – 2021» маълумот ирсол намудам ва барои тасдиқи маълумот дар суҳбатҳои маҷозӣ (онлайнӣ) иштирок кардам. Нимаи дуюми моҳи май хулосаи комиссия баромад ва ҳафтаи охири моҳи июн ғолибон муайян шуданд. Тибқи талаботи нашриёт маводи китоби байналмилалии «Донишҷӯёи беҳтарин – 2021» мавриди корбарии мутахассисон қарор гирифта, ҳафтаи пеш нашр шуд. Ман, ҳамчун донишҷӯйи беҳтарини ИДМ – 2021 аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар китоби мазкур муаррифӣ шудам. Дар асоси хулосаи комиссия иштирокчиён бо диплом, туҳфаи хотиравӣ ва нишон қадрдонӣ шуданд.»

Рӯзи 30.07.2021 кумитаи тадорукот иштирокчиёнро (баъзеро ҳузурӣ ва зумраеро тариқи почта) қадрдонӣ намуд. Эшонова Ш.М. бо Дипломи дараҷаи як ва нишони Ассотсиатсияи байналмилалии донишҷӯёни Қазоқистон, шаҳри Нурсултон қадрдонӣ шуд.

Мавсуф ба роҳбарияти донишгоҳу факултет, инчунин, ба устоди кафедраи иқтисоди корхона ва соҳибкорӣ Ҷалолиддин Раҳмонов барои дастгириҳои беназирашон изҳори миннатдорӣ намуда, дар оянда нақша дорад, ки дар чорабиниҳои дигари байналмилалӣ иштирок намояд.

Ёдовар мешавем, ки дар феҳристи китоби «Донишҷӯи беҳтарин – 2021» дастовардҳои ду нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.И.Сино: Мария А. ва Асрори Б. низ муаррифӣ гаштаанд.